СИЛ

СИЛ, дарди ҷавонӣ, исқоқ, диқ, сулол, як навъ бемории сирояткунандаи одам  ва ҳайвонотро гӯянд, ки намудҳои гуногуни микобактерияҳо ба вуҷуд меоранд. Сили одамро илми фтизиатрия (силшиносӣ) меомӯзад. Дар бораи паҳншавӣ, сироят, аломат вз тарзи муолиҷаю пешгирии Сил дар асарҳои Абӯалӣ нбни Сино, Исмоили Ҷурҷонӣ ва дигар табибони тоҷик маълумоти фаровон ва муфид зикр шудаанд, Соли 1882 олими немис Р. Кок барангезандаи Сил (басиллап Кох; БК)-ро кашф кард. Барангезандаи Сил 1,5—3 мкм дарозӣ дошта, аз навъҳои микобактерияҳои Сил (МС) мебошад. Манбаи асосии Сил шахси бемор аст.  Сил инчунин тавассути сару либос, сачоқи шарикӣ, мебел, палос, девору фарши хона, маҳсулоти хурокии сироятёфтаи нағз пухтанашуда аз захми пӯст сироят ёфтан мумкин аст. Ҳангоми бо воситаҳои зиддисилӣ нодуруст ё ғайри мунтазам муолиҷа кардан дар организми бемор Микобактерияҳои Сили ба дору устувор пайдо мешавад. Норасоии сафедаҳои ҳайвонӣ ва витаминҳо (махсусан витамини С), шароити кори номусоид (махсусан ҷои коре, ки ҳавояш чангӣ Si ва Ғ дорад), майпарастӣ, диабети қанд ва ғайра барои инкишофи Сил мусоидат мекунанд. Ба ин касалӣ махсусан бачагони то 18-сола бештар гирифтор мешаванд (аз ин рӯ Силро дарди ҷавонӣ мегӯянд). Аломатҳои зоҳирии Сил вобаста ба ҷои сироят гуногун мешавад. Агар ғуддаҳои лимфавӣ ба Сил дучор шаванд, онҳо фосид шуда мекафанд ва фасод ҷудо мекунанд. Ҳангоми Сили ғуддаҳои лимфавии холигии шикам ва рӯда дарди шикам, исҳол, варами рӯда, беиштиҳоӣ, лоғаршавӣ, дида мешавад. Сили устухон ва буғумҳо қариб 10%-и бемориҳои умумии Силро ташкил дода, боштар аз хурдсолӣ сар мешавад. Ҳангоми ин беморӣ асосан сутунмӯҳра ва буғумҳои калон осёб меёбанд, ки ин боиси гум кардани қобилияти корӣ (маъюбӣ) мегардад.. Дар аснои Сили устухон ва буғумҳо ҳангоми роҳгардӣ ва дар сили гурда бошад ҳангоми пешоб дард ҳис мешавад. Шакли нисбатан маъмултари Сил, Сили шуш мебошад, ки дар синну соли гуногун ва бештар пиронсолӣ дучор мегардад. Ҳангоми Сили шуш бемор худро бад ҳис карда, шабҳо арақ мекунад, ҳарораташ баланд мешавад ва иштиҳояш мегирад. Чунин одамон бисёр сурфида, қобилияти кориашон суст мегардад. Ҳолати вазнини Сили шуш табоҳ ёфтани бофтаҳои шуш мебошад, ки ҳангоми он хунпартоӣ, хунравӣ аз шуш мушоҳида мешавад. Сили шушро бо роҳи рентгенодиагноситика (бештар флюорография) ташхис мекунанд. Силро аксар дар бачагон ва умуман ба воситаи гузаронидани реаксияи зерипӯстии мусбат ба туберкулин, реаксияи Манту муқаррар мекунанд.

  Муолиҷа. Ҳангоми муолиҷаи комплексии Сил истифодаи тубазид, стрептомисин ва дигар воситаҳои зиддисилӣ аҳамияти калон доранд. Инчунин химиотерапия бо якҷоягии режими санаторӣ, истеъмоли асал, қимма, машқ ва обутобдиҳии организм, курортҳои иқлимӣ, санатория ва хонаҳои истироҳатӣ барои муолиҷаи зудраси Сил мусоидат мекунанд. Ҳангоми нафъ накардани доруҳои махсус ва дигар омилҳо усули ҷарроҳӣ (ҳангоми Сили шуш, гурда, устухон, узвҳои ҷинсӣ ва ғайра)-ро истифода мебаранд. Дар ин ҳол узви иллатёфта ё ягон қисми он бурида партофта мешавад.

  Пешгирӣ. Ба ғайр аз чораҷӯиҳои давлатӣ ва ҷамъиятии пешгирии Сил (беҳгардонии шароити зиндагӣ, муҳофизати муҳити атроф, баланд бардоштани дараҷаи моддӣ ва мадании аҳолӣ) боз чораҳои тақвияти организм ба муқобили беморӣ (тарбияи ҷисмонӣ, обутоби организм, туризм ва спорт, режими махсуси хӯрок ва ғайра) низ аҳамияти калон доранд. Барои пешгирии Сил ҷудо гузоштани беморон, баланд бардоштани дараҷаи маданиятнокӣ ва маълумоти савитарии омма, риояи гигиенаи шахсӣ, бистарӣ кардани бемор,аз кор кардан дар муассисаҳои кӯдакон ва корхонаҳои хӯрокворӣ озод намудани беморон, безараргардонии шир, гӯшт, ва дигар маҳсулоти хӯрокӣ инчунин ҷудо нигоҳ доштан ва ё куштани ҳайвони бемор, моякӯбии махсуси БЦЖ заруранд. Таҷрибаҳо исбот намуданд, 80%-и шахсони моякӯбшуда ба Сил гирифтор намешаванд. Ба кӯдакон ва шахсони бо беморони Сил алоқанок ё коркунанда химиопрофилактика бо тубазид гузаронида мешавад. Барои пешгирии Сил сари вақт муайян кардани беморӣ аҳамияти калон дорад. Бо ин мақсад дар ҳар ду сол як маротиба кӯдаконро аз санҷиш мегузаронанд. Ғайр аз ин ҳамаи сокинони шаҳру деҳот, махсусан коркунонӣ муассисаҳои табобатӣ, кӯдакона, хонандагон ва коркунони системаи мактабу маориф, управленияи транспорт, хизмати маишӣ, савдо, матбуот ва ғайра соле як маротиба аз назорати духтур мегузаранд. Аввалин диспансери зидди Сил соли 1929 дар Ленинобод ташкил ёфт. Сил 1980 дар республика 16 диспансер, 36 тубкабинет, 4 санатория, 3 беморхонаи муттаҳидаи зидди Сил (дорои 4555 кат) мавҷуд буданд. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои табобатию профилактикӣ дар республика шумораи беморони Сил соли 1980 нисбат ба соли 1975 қариб 20% ва фавти беморон бошад 43% кам шуд.

                                                                               М. Пулодов

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …