Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИГНАЛ

СИГНАЛ

СИГНАЛ (аз лотинӣ signum — аломат), аломат, просесс ё ҳодисаи физикиест, ки ин ё он ахборро нақл мекунад. Солҳо табиатан механикӣ (масалан, деформатсия, тағйири фишор), ҳароратӣ (тағйири ҳарорат), анворӣ (афрӯзиши рӯшноӣ, тасвири айёнӣ), электрӣ (тағйири қувваи ҷараён, шиддат), электромагнитӣ (радиомавҷҳо), садоб (лаппишҳои акустикӣ) ва ғайра мешаванд. Сигналро аз як намуд ба намуди дигар (ахбори ҳамлшавандаро тағйир надода) табдил додан мумкин аст. Мафҳуми «Сигнал»аввалин бор дар кибернетика ташаккул ёфт. Солҳое, ки ҳомили ахбори муайян аст (дар бораи ҳодисаи конкретӣ) 4 унсурро дар бар мегирад: ҳомили физикии Сигнал; шаклҳои ифодаи Сигнал (синтаксис); маънои интерпретатсияи Сигнал (сомантика); қоидаҳои бо ҳамон як Сигнал ифода намудани ахбори гуногун (прагматика). Масъалаи муқаррар намудани қонуниятҳои умумӣ ва алоқаи байни ҳамдигарии синтаксис, семантика ва прагматикаро семантика меомузад. Қонуниятҳои умумии табдил ва интиқоли Сигнал новобаста ба табиати физикиашон дар назарияи информатсия омӯхта мешавад (нигаред низ Назарияи информатсия).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …