Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СИҒНОҚ

Шаҳри СИҒНОҚ

СИҒНОҚ, шаҳри қадиме буд дар ҷанубии Қизилӯрда, соҳили рости дарёи Сир. Димнаи Сиғноқ дар байни аҳолӣ бо номи «Сагонактеппа», «Сӯноқота», «Сӯноққӯргон» маълум аст. Доир ба масъалаи дар кадом давра бино ёфтани Сиғноқ маълумоти аниқе нест. Маҳмуди Қошгарӣ (асри 11) дар асарҳои худ ба дараҷаи баланд тараққӣ кардани шаҳрро қайд кардааст. Асрҳои 11—12 дар Сиғноқ қабилаҳои туркии огузҳо ва қимоқҳо (яке аз қавмҳои қипчоқҳо) маскун буданд. Сиғноқро асри 12 Отсиз Хоразмшоҳ забт намуд. Дар давраи ҳукмронии муғулҳо Сиғноқ ба маркази Оқӯрда мубаддал гашта, дар он ҳунармаидӣ ва савдо ривоҷ ёфта буданд. Сиғноқ дар натиҷаи юришҳои Темур ба Оқӯрда ва Олтинӯрда хароб гашт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …