Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИҒА

СИҒА

СИҒА, категорияи грамматикии феъл, ки муносибати амалро ба воқеият нишон медиҳад. Сиға бо шаклҳои тасрифии феъл ифода мешавад. Дар забони тоҷикӣ 4 Сиға ҳаст: 1) Сиғаи хабарӣ, ки воқеъ шудан ё нашудан, тасдиқ ва ё инкори амал буда, шаклҳои нақлии феълҳои замони гузашта, баъзе шаклҳаи феълии замони ҳозира ва ояндаи феъл (замони гузаштаи наздик, замони гузаштаи дур, замони гузаштаи ҳикоягӣ, замони гуааштаи нақлӣ ва ғайраро) дар бар мегирад; 2) Сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ амалеро ифода мекунад, ки гӯянда воқеъ гардидани онро имконпазир ва ё ба шарте вобаста медонад (бинам, сӯҳбат кунад, медида бошад ва г.); 3) Сиғаи амр, ки хоҳиш, супориш, таъкид ва фармони гӯяндаро ифода мекунад (равад, рав ва ғайра); 4) Сиғаи эҳтимолӣ, гумону шубҳа ва тахмини гӯяндаро нисбат ба воқеъ шудан ё нашудани амалу ҳолат мефаҳмонад (хондагистам, хондагистӣ ва ғайра). Сиғаи эҳтамолӣ шакли замони ҳозира ва замони ҳозираи давомдор дорад.

Адабиёт: Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, ҷ. 1, Душанбе, 1985.

Ш. Рустамов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …