Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИГЕРИ БРАБАНТӢ

СИГЕРИ БРАБАНТӢ

СИГЕРИ БРАБАНТӢ, (Siger de Brabant) (тақрибан 1235— тақрибан 1282, Орвието), файласуф, яке аз намояндагони барҷастаи рушдия (аверроизм)-и асри 13, профессори факултети санъати университети Париж буд. Дар рисолаҳои «Дар нафси нотиқа», «Андар кавну фасод», «Дар бақои нафс», «Саволҳо ба нафси нотиқа», «Саволҳо роҷеъ ба «Физика» (тафсири асарҳои Арасту «Физика», «Метафизика» ва ғайра) таълимоти пешиниёнро дар боби ҳақиқати дугона тақвият дод: дониши ақлӣ метавонад ба ваҳйи динӣ зид бошад. Сигери Брабантӣ мавҷудияти худоро чун нахуст сабаб эътироф карда, ақидаи «аз ҳеҷ» офарида шуданро инкор кардааст. Ӯ мӯътақид буд, ки оламу Худо ба таври абадӣ ҳамбастаанд ва худо аз оламе, ки дар он қонунҳои муқарраршудаи ӯ амал мекунанд (масалан, ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ) озод буда наметавонад. Мувофиқи ақидаи Сигери Брабантӣ рӯҳи одамӣ ҷавҳари ғайримоддии абадию офариданашавада буда, ҷони фардии одам фаноёбанда мебошад. Сигери Брабантӣ масъалаҳои таносуби моддаву сурат, моҳияту ҳастӣ, абадияти олам, мафҳумҳои куллӣ ва ғайраро тадқиқ кардааст. Ӯ яке аз тарғиботчиёни таълимоти фалсафаи Абӯали Сино дар Европа буд. Сигери Брабантӣ назариёти Ибни Сино ва Ибни Рушдро дар бораи моддаву сурат инкишоф дода, бар хилофи Арасту моддавӯ суратро ба ҳам алоқаманд медонист. Аз рӯи ақидаи Сигери Брабанти нобуд шудани як чиз ҳамеша ба пайдоиши чизи дигар боис мешавад, бинобар ин моддаи берун аз сурат вуҷуд надорад. Сурат фонӣ, модда абадист. Сигери Брабантӣ ақидаи Афлотунро дар хусуси мустақил будани сурат рад карда ба назарияи Ибни Сино ва Ибни Рушд дар бораи бақои олам пайравӣ намудааст. Таълимоти Сигери Брабантӣ, ки худ номиналист ба шумор мерафт, ба таълимоти масеҳият ва реализм муқобил буд. Аз ин рӯ, ақидаҳои ӯ ва пайравонашро Ватикан маҳкум кардааст (солҳои 1270 ва 1277). Алъберти Кабир, Фомаи Аквинӣ ва дигарон бошанд, раддияҳо навиштаанд. Ақидаҳои Сигери Брабантӣ ба ҷаҳонбинии Данте, мактаби падуаниси рушдия, П. Помпонасси, Ҷ. Пико делла Мирандола таъсир расондаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …