Маълумоти охирин

СИФОҚ

СИФОҚ (арабӣ), шикампарда, гишои шикам, пардаи тунуки нимшаффофест, ки дар тарафи даруни девораи ковокии шикам воқеъ буда, рӯи узвҳои андаруни шикамро мепӯшад. Масоҳати умумии Сифоқи одами калонсол 1,6—2,04 м2, ғафсиаш 0,7—1,1 мм мешавад. Қабати берунии Сифоқ аз мезотелий (бофтаи эпителӣ), ки асоси онро бофтаи пайвандии алёфи (сернах )ташкил мекунад, ҳосил шудааст. Сифоқе, ки узвҳои даруниро мепӯшад, бо онҳо зич васл шудааст; Сифоқе, ки девораи шикамро мепӯшад (Сифоқи париеталӣ ё ҷидорӣ), бо қисмҳои дахлдори қабати тунуки бофтаи пайвасткунандаи пӯкка ё пасҷи чарбии зерисифоқӣ пайваст мебошад. Сифоқи диафрагмавӣ чунин қабати тунук надорад. Сифоқ бо рагҳои хуни лимфа ва асаб хеле хуб таъмин шудааст. Сифоқ аз узв ба узв гузашта пайвандак, масориқа (ё чарби рӯда), чин, гадудҳои чарбу ва ғайра ҳосил мекунад. Узвҳои дарунӣ аз ҳама тараф (интраперитонӣ), аз се тараф (мезоперитонй) ва ё фақат аз як тараф (экстраперитопӣ) бо Сифоқ иҳота шуда метавонанд. Вобаста ба ҷоигиршавии рагҳои хун ва лимфа Сифоқ қисмҳои зардобҷудокунанда ва зардобҷаббанда дорад, ки ин моеъи зардобиро ба гардиш медарорад. Бемории хавфноктарини Сифоқ перитонит (илтиҳоби Сифоқ) мебошад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …