Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СИФАТҲОИ МАЪНАВӢ

СИФАТҲОИ МАЪНАВӢ

СИФАТҲОИ МАЪНАВӢ, мафҳуми ахлоқиест, ки бо ёрии он ҷиҳатҳои умумии хулқи одамон дар ҳаёти ҷамъиятӣ муайян мешавад. Сифатҳои маънавии инсон — олиҳиммахӣ, накӯкорӣ, саховатмандӣ, фурӯтанӣ, росткорӣ, аҳдшиканӣ, хасисӣ, мағрурӣ, ва ғайра хусусияти умумии ҷиҳатҳои гуногуни фаъолиятро ифода карда, ҳамчун хосияти ахлоқии фарди муайян низ тавсиф мешаванд. Масалан, мафҳуми «росткорӣ» ҳамчун фаъолият (рафтори дуруст) дониста шуда, дар айни ҳол муносибати ахлоқии фарди муайян ва б гурӯҳи муайяни одамонро ифода мекунад. Сифатҳои маънавии мусбат ва манфиро аз ҳам фарқ мекунанд, онҳоро «хайр» ва «шарр» низ меноманд.

Сифатҳои маънавӣ назар ба нормаҳои ахлоқӣ нисбатан мафҳуми умумӣ буда, дар он ба фаъолияти муайяни инсон, ба таври конкретй шпора карда намешавад, яъне ба ҷиҳатҳои муайяни рафтори одамон ба таври умумӣ баҳо дода мешавад. Масалан, серталабӣ дар маҷмӯи рафтори одамон мушоҳида мешавад. Дар заминаи ҳамин мафҳум талаботи ахлоқие пешниҳод мешавад (мас., «одамон бояд нисбат ба худ ва дигарон серталаб бошанд»), ки вобаста ба шароит ва ҳолатҳои муайянн конкретӣ одамон бояд худашон муноси- оаташонро ба сифатҳои хулқӣ муайян кунанд.

Мафҳуми Сифатҳои маънавӣ бори аввал дар ақидаҳои ахлоқии файласуфони қадим аз қабили Арасту (мафҳуми «хайр» ва «хайрхоҳӣ») ташаккул ёфт. Мутафакирони асрҳои миёнаи Шарқ низ ба инкишофи афкори иҷ- тимоӣ, аэ ҷумла ақидаҳои ахлоқй саҳми муҳим гузоштаанд. Дар ин давра доир ба ахлоқ асарҳои махсус — рисолаҳои ахлоқян Форобй, Ибни Сино, Ибни Мискавейҳ, Наси- рудднни Тусӣ, Ҷалолуддинж Даввонӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд. ки дар онҳо ҳам категорияҳои ахлоқӣ ва ҳам Сифатҳои маънавӣ—накӯкорӣ, ростқавлӣ, садоқат ва умуман сифатҳои худ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Маорифпарварон  ва махсусаи сотсиалистони аслӣ сифатҳои ахлоқиро на ҳамчун хусусияти характер, балки ҳамчун тарзи рафтори ин ё он ҷамъият медонистанд. Онҳо масъалаи «хайр» ва «шарр»-ро ба сохти ҷамъият вобаста карда, ба чунин хулоса омаданд, ки барои хушахлоқ шудани одамон ҷамъиятро бояд иваз кард.

Таълимоти марксистӣ дар бораи ахлоқ вобастагии диалектикии шароитҳои иҷтимоӣ ва хусусиятҳои ахлоқии одамонро нишон дода, қайд мекунад, ки дар просесси таҷрибаи револютсионӣ инсон на фақат худаш, балки ҷамъиятро низ дигаргун мекунад ва аз нав месозад. Аз ин рӯ, дар ҷараёни сохтмони ҷамъияти коммунистӣ ду ҷиҳати як масъала — сохтмони ҷамъияти нав ва тарбияи одами нав ба миён гузошта шудааст. Тарбияи коммунистӣ ҳар ду ҷиҳати ин масъалаи муҳимро дар бар мегирад.

М. Акрамобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …