Главная / Илм / СИДРА

СИДРА

СИДРА, девдор (Сеdrus), ҷинси дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабзест аз оилаи санавбариҳо. Дарахти баланд (25—50 м), ғафсии танааш то 7 м, баргаш сузаншакл буда, дарозиаш аз 6 мм то 5 см, дар банди навдаҳои кӯтоҳ 30—40-той ва дароз яктой ҷойгиранд. Ҷалғӯзааш тухмшакл, тухмаш қанотакдор (баъди 2—3 сол пухта мерезад). Сидра сабз буда, аз тухм зиёд мешавад. Дар шароити Душанбе қади ниҳоли 9-солаи Сидра (С. deodara) ба 8 м мерасад. Сидра то 2500 (баъзан то 4000) сол умр мебинад. Сидра дарахти хеле зебост. Чӯбаш зард ё зарди сурхтоб ва хушбӯй. Асбобҳои аз он сохташуда дар қабатҳои хок беш аз 3 ҳазор сол намепӯсанд. Сидра хеле қадимист. Ҳатто 250 милллион сол муқаддам (давраи перм) нашъунамо дошт. Дар Боғи ботаникии Институти ботаникаи Академяи Фанҳои Республткаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 4 намуди Сидраро мепарваранд.

М. Исмоилов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …