Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИДОРЕНКО Александр Васильевич

СИДОРЕНКО Александр Васильевич

СИДОРЕНКО Александр Васильевич (19. 10. 1917,деҳаи Новониколаевка, ҳозира вилояти Ворошиловоград  23. 03. 1982, Москва), геологи советӣ, арбоби партиявӣ ва давлатӣ, академики Академияи Фанҳо СССР (1966; аъзо-коррепондент 1953), ноиб-президенти Академияи Фанҳои СССР (аз 1975). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1942. Университети давлатии Воронежро хатм кардааст (1940). Солҳои 1943—1950 ҳодими Филиали Туркманистони Академияи Фанҳои СССР буд; солҳои 1950—1952 ҷонишин ва 1952—1961 раиси Президиуми филиали ба номи С. М. Кирови нимҷазираи Колаи Академияи Фанҳои СССР. Солҳои 1961—1962 ҷонишини якуми раиси Комитети давлатии Совети Вазирони Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия оид ба координатсияи корҳои тадқиқоти илмӣ, 1962—1963 вазири геология ва муҳофизати сарватҳои зеризаминии СССР, 1963—1965 раиси Комитети Давлатии геологияи СССР, аз сентябри 1965 то январи 1976 вазири геологияи СССР буд.

Асарҳои илмии Сидоренка асосан ба геология ва геоморфологияи биёбонҳо, просессҳои минералҳосилшавӣ дар қишри фарсоиш ва сарватҳои зеризаминии ба он алоқаманд, муҳофизати муҳити атроф ва ғайра оиданд. Ӯ асосгузори литологияи қабатҳои таҳшинию метаморфии давраи токембрий мебошад.

Дар съездҳои 23—24-уми партия номанд ба аъзогии Комитети Марказии КПСС интихоб шудааст.

Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 7—9), Лауреати Мукофоти ленинӣ (1966). Бо 2 ордени Ленинӣ, орденҳои БайрақиСурхи Меҳнат ва Ситораи Сурх, инчунин медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …