Маълумоти охирин

СИДҚИ Аъзам

СИДҚИ Аъзам (тавалудаш 27. 04. 1927,Хуҷанд), нависанда ва драматурги аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1955. Университети Давлатии Тоҷикимтонро хатм кардааст (1953). Ходими адабии якчанд газетаю журналҳо, котиби Правленияи Иттифоқи Нависандагони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, сардори управленияи санъати Вазорати маданияти Тоҷикистон, директори Театри академии ба номи С. Айнӣ, мухбири «Литературная газета» дар Тоҷикистон. Сармуҳаррири Комитети давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ва сармуҳаррири Тоҷикфилм буд. Солҳои 1977—1985 директори Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов.

Масъалаҳои роҳбарӣ ба хоҷагии қишлоқ озодии занон, ҷанг ва ғайра аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти Сидқӣ мебошанд. Аз соли 1957 узви Иттифоқи Нависандагони СССР.

Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рузи таваллуди В. И. Ленин» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …