Маълумоти охирин

СИДҚ

СИДҚ (арабӣ — ростӣ, дурустӣ), сифати ахлоқиеро гӯянд, ки рафтори шахс ва мутобиқати ҳукмро ба воқеа ифода монамояд ва дар фаъолияти фикрии шахси ба дурустии эътиқодаш имони комилдошта зоҳир мешавад. Сидқ ба кизбу дурӯғгӯӣ муқобил гузошта шуда, хусусияти фаъолиятро не, балки мутобиқати онро нисбат ба заминаҳои фикри бавуҷудомада муайян мекунад ва ҷиҳати субъективии бовариро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ахлоқи коммунистӣ Сидқро сифати мусбати ахлоқӣ дониста, дар айни ҳол онро барои баҳо додан ба рафтору кирдор меъёри кофӣ намедонад. Сидқ фақат дар якҷоягӣ бо боварӣ фардро ба роҳи дурусти ахлоқӣ ҳидоят мекунад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …