Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИДДИҚБЕКОВ Туғалбой

СИДДИҚБЕКОВ Туғалбой

  СИДДИҚБЕКОВ Туғалбой (таваллудаш 14. 05. 1912, август Кенсу, ҳозира райони Тюн), нависандаи советии қирғиз, Нависандаи Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизтстон (1968), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Қирғизистон (1954). Асарҳояш аз соли 1928 ба табъ мерасанд. Шеърҳои Сиддиқ асосан дар васфи меҳнат гуфта шудаанд: маҷмаҳои «Мубориза» (1933), «Баҳодурон» (1936), «Шоир — булбул» (1938) ва ғайра. Аз навиштаҳои аввалинаш нависанда ба типикунонии эпикӣ рағбати тамом дошт. Дар романҳои Сиддиқ аввалин колхозҳо («Кенсу», китобҳои 1 —2, 1937—1938), анҷоми коллективонӣ («Темур», 1939—1940), меҳнати колхозчиён дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) («Одамони рӯзҳои мо», 1948; Мукофоти давлатии СССР, 1949) инъикос ёфтааст. Таҳрири нави романи «Кенсу», ки бо номи «Дар миёни кӯҳсор» (китобҳон 1— 2, 1955—1958) машҳур аст, дар эҷодиёти Сиддиқ мақоми асосӣ дорад. Дар он манзараву образҳо рангоранг буда, тасвир хеле вусъат гирифтааст. Соли 1966 китобҳои 1 ва 2-юми асари сегонаи Сиддиқ «Занҳо» нашр гардид. Якчанд ҳикоя ва романи Сиддиқ «Дар миёни кӯҳсор» (китобҳои 1—2, 1959—1962) ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 4). Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …