Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИБОӢ Юсуф

СИБОӢ Юсуф

СИБОӢ Юсуф (10. 06. 1917, Қоҳира—1978),нависандаи араб, ходими ҷамъиятӣ (Миср). Маълумоти олии ҳарбӣ дошт. Котиби генералии Ташкилоти якдилии халқҳои Осиё ва Африка ва Бюрои доимии Ассосиатсияи нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африка (аз соли 1958), сарвари иттиҳодияи нависандагони Миср ва вазири маданияти Республикаи Мисри Араб (аз соли 1973), сармуҳаррири журнали «Нилуфар» буд. Асарҳояш аз соли 1947 чоп шудаанд (маҷмӯаи ҳикояҳои «Шабаҳҳо», романи «Ноиби Азроил», 1947). Муаллифи тақрибан 50 асар дар мавзӯи ҳаёти муосир, аз ҷумла, маҷмӯаи мақолаҳои танқидии адабии «Торсакиҳо ва бӯсаҳо» (1959), романҳои «Мо танҳо нестем» (1969), «Зиндагӣ як лаҳзаест» (1073) мебошад. Дар песаи «Зӯртар аз вақт» (1966) аз кору бори сохтмони стансияи электрии Асувон сухан меравад. Сибоӣ дар конференсияҳои нависандагони Осиё ва Африка иштирок кардааст. Аз рӯи роману песаҳои Сибоӣ филмҳо ба навор гирифта шудаанд. Асарҳояш ба забонҳои хориҷӣ тарҷума гардидаанд. Бо медали тиллоии Сулҳи ба номи Жолио-Кюри мукофотонида шудааст (1960) Лауреати мукофоти «Нилуфар» (1974).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …