Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СИБИРИ ҒАРБӢ

СИБИРИ ҒАРБӢ

СИБИРИ ҒАРБӢ, сарзаминест, ки байни кӯҳи Урал (дар Ғарб) ва дарëи Енисей (дар Шарқ) воқеъ гаштааст. Масоҳаташ қариб 2,8 миллион километр Территорияи Сибири Ғарбироро асосан ҳамвории Сибири Ғарбӣ ташкил медиҳад, ки он аз Шимол ба Ҷануб ба якчанд зонаҳои табиӣ (аз зонаи тундра то зонаи дашт) тақсим мешавад. Канори ҷануби шарқии Сибири Ғарбиро кӯҳҳои Олтой, Салаир ва Алатови Кузнеск ишғол кардаанд. Дар ҳудуди Сибири Ғарбӣ кишвари Олтой, вилоятҳои Курған, Тюмень, Омск, Новосибирск, Томск, Кемерово ва ноҳияҳои аз ҳама ғарбтари кишвари Красноярск ҷойгир шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …