Маълумоти охирин

ШУУР

ШУУР (ар.— душ, огоҳӣ, фаҳм, фикр), шакли олии инъикоси маънавии воқеиятро гуянд, ки танҳо ба инсон хос аст. Он бо нутқ алоқаманд буда, шаклҳои ҳиссиёташ идрок, хотира, тасаввур, тахайюл ва диққат мебошад ва ҳамчун тафаккури абстрактӣ дар мафҳум, ҳукм, хулоса, фарзия, ҳадс, ғоя ифода мегардад. Мафҳуми Ш. ҳам шуури фардӣ (шахсӣ) ва ҳам ҷамъиятиро дарбар мегирад, Ш.-и ҷамъиятӣ (илм, фалсафа, санъат, ахлоқ, дин, сиёсат ва ҳуқуқ) инънкоси ҳастии ҷамъиятӣ буда, новобаста ба шуури одамони ҷудогона инкишоф меёбад ва зимни фаъолияти одамон амалӣ мегардад.

shuur

Идеализм Ш.-ро ҳамчун ҷавҳари мустақил ба материя муқобил мегузорад. Бар хилофи он материализми диалектикӣ пайдоиши Ш.-ро Ватикан қонунии инкишофи тадриҷии материя мешуморад. Имконияти пайдоишн Ш., чунон ки Ф. Энгельс мегуяд, «дар худи материя нуҳуфта аст. Материя бо тақозои табиати худ ба дараҷаи инкишофи мавҷудоти фикркунанда мерасад ва ин дар ҳама ҳолатҳои мавҷуд будани шароити мувофиқ ногузир ба амал меояд» (Маркс К., и Энгельс Ф., Соч., т. 20, с. 524).

Заминаҳои биологии пайдоиши Ш. дар антропоидҳо муҳайё шуда бошад ҳам, вай барои пайдо шудани Ш.-и инсон басанда набуд. Он аз заминаҳои биологӣ дар процесси антропогенез ба вуҷуд омад. Аз ин ру Ф. Энгельс таъкид намудааст, ки «муҳимтарин ва наздиктарин асоси тафаккури одам на худи табиат, балки… табиатро тағйир додани одам аст. Ақли одам мутобиқан ба он ки чӣ тавр вай тағйир додани табиатро омухтааст, инкишоф ёфтааст» (Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 20, с. 545). Дар ҷараёни меҳнат фаъолияти предметӣ ба фаъолияти фикрӣ мубаддал мешавад, ки забон ҳамчун олоти он аз руи зарурати муносибат ба дигарон ба вуҷуд меояд ва ҳамчун воситаи баёни фикр хизмат мекунад.

Дар марҳилаҳои аввали инкишофи фалсафа фарқи моддиёт ва руҳиёт ҳануз муайян набуд. Дар асрҳои миёна Ш. ҳамчун мабдаи фавқуттабиӣ ва офарандаи табиат тавсиф шудааст. Мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ масъалаи нафсро ба миён гузошта, онро муродифи Ш. пиндоштанд. Дар фалсафаи Аҳди ҷадид Декарт ҷиҳати худшиносиро дар ҷои аввал гузошта, Ш.-ро чун мушоҳидаи ботинии субъект муоина кард. Материаллистони а. 18-и франсавӣ (махсусан Ламетри ва Кабанис) ба муваффақиятҳои физиологӣ ва тиббӣ такя намуда, исбот карданд, ки Ш. функцияи махсуси майна буда, ба туфайли он одам дар бораи табиат ва худ дониш мегирад. Идеализми классикии немис оид ба Ш. ва таркиби он фикри тоза баён намуда, зинаҳои гуногуни онро ошкор намудааст. Гегель ба фаҳмиши моҳияти ичтимоию таърихии Ш. наздик омада, дар бораи ба ҳаёти ҷамъиятӣ вобаста будани Ш.-и фард ба хулосаи дуруст омадааст, лекин ӯ ҳаёти ҷамъиятиро идеалистона шарҳ дода, онро табассуми руҳи объективӣ донистааст.

Туфайли комёбиҳои нейрофизиология (Сеченов, Павлов) ва психологияи экспорименталӣ (Вебер, Фехнер, Вундт, Ҷемс) дониш дар бораи Ш. афзун ва ниҳоят амиқ шуд. Аммо мавҷудияти шарҳи интроспективии Ш. боиси пайдоиши ҷараёнҳое гардид, ки дар фаъолияти одам роли асосӣ доштани шуурро инкор мекунанд (фрейдизм, бихевиоризм).

Аз нуқтаи назари фалсафаи марксистӣ Ш. шакли олии фақат ба инсон хоси инъикоси воқеият аст, ки дар майна ҳосил мешавад. Майна – органи моддии Ш., узви анатомию физиологии тафаккур — фаъолияти маънавӣ мебошад. Ш. дар натиҷаи азхуд кардани таҷрибаю қобилият ва тарзи амали дар ашё таҷассум-гардида ташаккул меёбад. Ш.-и фардӣ ҳамчун шакли махсуси инъикоси субъективии реалияти объективӣ ба сифати маҳсули муносибат ва робитаҳое фаҳмида мешавад, ки дар ҷараёни ташаккулу инкишофи ҷамъият ба вуҷуд омадаанд. Берун аз системаи ин муносибатҳо, берун аз Ш.-и ҷамъиятӣ ва забон, ки субстрати реалии он аст, мавҷудияти Ш.-и фардӣ ғайриимкон мебошад. Одамон мақсадҳои эҷодии худро амалӣ гардонда табиат, ҷмъият, инчунин худро дигаргун месозанд, чунки «олам инсонро қонеъ намегардонад ва инсон қарор медиҳад, ки бо амали худ онро тағйир диҳад» (Ленин В. И., Ас., ч- 38, с. 215). Аз ин лиҳоз «шуури инсон олами объективиро на танҳо инъикос мекунад, балки онро эҷод ҳам мекунад» (ҳамон 40, с. 214).

И. Қулматов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …