Маълумоти охирин

ШУУБИЯ

ШУУБИЯ (аз ар.— халқ, мардум, дар Қуръон ба маънои мардуми ғайри араб, аҷамиён омадааст), ҷараёни оппозиционӣ нисбат ба усули ҳукмронии сиёсию фарҳангии арабҳоро гӯянд, ки ох. а. 8 дар байни аҷамиён пайдо шуда буд. Мувофиқи таълимоги Қуръон ислом баробарию бародариро тарғиб мекард, вале аз давраи Умаввиён cap карда дар хилофат сиёсати арабӣ ба миён омад ва ҳамаи муваффақияту пешравиҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ба арабҳо нисбат дода шуда, халқҳои ғайриараб мавриди таҳқир қарор мегирифтанд. Ин таҳқир аҷамиён, махсусан халқҳои эроннажодро, ки нисбат ба арабҳо маданияти куҳану мутараққитар доштанд, ба шур оварда, боиси ба вуҷуд омадани муқобилат ба арабҳо гардид. Шуришҳои зидди хилофат, ба мисли шуриши Абумуслим, ба амал омаданд. Онҳо дар ниҳояти кор, ба ташкил ёфтани давлатҳои мустақил мусоидат намуданд. Дар дини ислом низ муборизаи шадиди оппозиционӣ ба вуқуъ пайваст ва боиси ба вуҷуд омадани якчанд равияю ҷараёни мазҳабӣ гардид. Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муқобилати мазкур баралоина мушоҳида мешуд. Шуубиён аввал баробарии халқҳои арабу аҷамро тарафдорӣ намуданд, вале минбаъд бартарии аҷамиёнро бар арабҳо тарғиб карданд.

Дар аҳди Умавиён Ш. ҳануз ба ҷараёни махсус ҷудо нашуда буд. Дар аҳди Аббосиён он ҳамчун ҷараён ташаккул ёфт ва ҳаракати Ш. авҷ гирифт. Халқҳои эронинажод аз вазъияти хуби худ дар хилофат истифода бурда, ба тарғиби афкору ақидаашон кушиданд ва ба таълифи рисолаҳо ва осори манзум ба забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ пардохтанд. Таълимоти Ш. моҳиятан ақидаи гуруҳи хурди феодалон ва шаҳриёни дар тасарруфи арабҳо бударо ифода мекард. Аз ох. а. 7 то а. 11 шуубиён машғули таблиғи афкору ақоиди Ш. буданд. Шоирони бузурги он давр Ҳаримӣ, Мутаваккилӣ, Башшор ибни Бурд ва диг. ба навиштани шеърҳои форсӣ-тоҷикӣ пардохтаанд. Намояндагони ҷараёни Ш.— Ҳамиди Бахтакон, Саҳл ибни Мишонӣ, Аълони Шуубӣ, Абуубайда ва бисьёр дигарон ба таълифи китобҳои шуубӣ шуруъ намуданд. Дар ин соҳа «Мунозираи арабу аҷам» ном қасидаи Асадии Тусиро махсусан қайд кардан ҷоиз аст, ки дар руди таълимоти Ш. навишта шудааст. Фаъолияти эҷодии Ибни Муқаффаъ, Фирдавсӣ ва диг. ба ҳамин давра рост меояд. Аз ох. а. 10 cap карда навиштани осори илмӣ ҳам ба забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ оғоз ёфт. Пайравони Ш. асарҳои худро ҳам ба забони арабӣ ва ҳам ба забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ таълиф намуда, ғояи бартарии илму маданияти аҷамиёнро (нисбат ба илму маданияти арабҳо) тарғиб менамуданд.

Ҳ. Наққош.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …