Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШУТУРАНГУР

ШУТУРАНГУР

ШУТУРАНГУР, як навъ ангури маҳаллӣ. Токаш тезсабз. Баргаш калон, мудаввар, 3—5-парра, хушааш калон (вазнаш андаряк 400—500 г), донааш дароруя (гулобӣ ё сурх), хуштаъм, пустҳои ғафиси сахт (1— 4-то тухи дорад). Даври нашваш 155 —160 рӯз. Серҳосил (150—200 ц/ га). Барои тархурӣ ва тайёр кардани мавиз истифода мебаранд. Ҳоло онро бештар дар вил. Сурхандарьё мепарваранд. Асосан аз ҷел зарар мебинад.

Ад.: Ампелография СССР. Малораспространенные сорта винограда, т. 3, М., 1966.

angur

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …