Маълумоти охирин

ШУТУР

ШУТУР (Camelua), уштур, сор, ҷинси ҳайвоноти ҷуфтсум аз оилаи шутуриҳо (Camelidae). Ду намуди Ш. маълум аст: Ш.-и яккуҳона ё дромедар (С. dromedarius) — баландиаш то 210 см, рангаш хокистарии сурхтоб ва Ш.-и дукуҳона ё бухтӣ (С. bactrianus) — қадаш андаке пасттар, рангаш бурӣ ашҳаб. Ш.-и ваҳшӣ (танҳдо дукуҳона) дар Осиё (дар биёбонҳои Синьцзян ва ҷан. ғарбӣ Муғулистон) вомехӯрад. Ш. дар минтақаи биёбон ва даштҳои иқлимашон хушк маскун аст. Дар куҳҳо ва маҳалҳои иқлимашон намнок зиндагӣ карда наметавонад. Ш. алафҳоеро мехӯрад, ки дигар ҳайвонҳо беиштиҳо мехуранд ё тамоман намехуранд; бо оби кам қаноат мекунад (оби шурро ҳам мехурад). Ш. бар хилофи дигар ҳайвоноти кафшакунанда дар ҷоғи боло ду дандони пеш дорад. Он қисми бадани Ш., ки вақти хобравӣ ба замни мерасад, инчунин сари сина, банди пой, оринҷ ва зонувонаш кубладор аст. Ва ин имкон медиҳад, ки вай дар хоки тафсон (то 70°С) баҳузур хоб кунад.

shutur

Ш. 2000 сол то м. ром шудааст. Вазни Ш.-и болиғ аз 500 то 800 кг. Дар 2—3-солагӣ болиғ мешавад. Ш.-и модаро дар 3—4, нарашро дар 5—6-солагӣ ҷуфтӣ мекунанд. Ҳомилагии Ш.-и дромедар 13 моҳ ва бухтӣ 14 моҳ давом мекунад. Ш. дар ду сол як бача мезояд. Шутурбачаи навзод хеле камқувват буда, нигоҳубини

ҷиддиро талаб мекунад. Давраи ширхорагиаш 18 моҳ.

Қувваи боркашии Ш. ба ҳисоби миёна 10—12% вазни зиндаи он аст. Дар як рӯз бо суръати 10—12 км/ соат қариб 100 км роҳро тай мекунад. Ш.-ро (35—40 сол умр мебинад) аз 4 то 20—25-солагӣ кор мефармоянд. Аз Ш. шир, гушт, пашм мегиранд. Аз шири Ш. кимиз, равған, панир тайёр мекунанд.  Як сол аз як дромедар андаряк 2000 кг (аз зоти арвона зиёда аз 4000 кг) ва аз бухтӣ 750 кг шир меҷушанд. Равғаннокии шири Ш. 4,5—5,4%. Пашми Ш. то 85% тибит дорад, ки аз он матоъҳои нафис мебофанд. Аа бухти 5—10 кг (аз зоти қалмиқӣ то 13 кг), аз дромедар 2—4 кг пашм метарошанд. Ниг. низ. Шутурпарварӣ.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …