Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШӮРТАНҲО

ШӮРТАНҲО

ШӮРТАНҲО (Esocidaei), як оилаи моҳиҳоро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ мансуби зерқатори шуртаншакллоанд. Баданашон хадангшакл; дарозиашон то 1,5 м, вазнашон то 35 кг. Сар ва танашон пулакчаҳои хурд дорад. Ш. 5 намуд доранд.  Онҳо дар обҳои ширин ва шуртаки сернаботот зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон дар д. Сир ва обанборҳои Фарҳоду Қайроққум вомехуранд. Дар 2-солагӣ болиғ мешаванд; февр.— март дар растаниҳои назди соҳил то 200 ҳаз. тухм мегузоранд. Ғизояшон моҳиҳои диг., қурбоққа ва т. аст. Ш. аҳамияти саноатӣ доранд. Боқимондаҳои Ш.-и мунқариз аз давраи олигоцен маълуманд.

shurtanshaklho

Ад.: Максунов В. А., Промысловые рыбы Таджикистана. Д., 1968; Вавилкин А. С.. Иванов А. П.. Кура н о в а И. И., Основы ихтиологии и рыбоводства. М., 1974.

Е. В. Грищенко.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …