Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «ШӮРОИ ИСЛОМИЯ»

«ШӮРОИ ИСЛОМИЯ»

«ШӮРОИ ИСЛОМИЯ», ташкилоти зиддиреволюционӣ ва пантуркистие буд, ки 9 марти 1917 дар Тошкент таъсис шуд. Дар Хуҷанд ва Уротеппа низ шуъбаҳо дошт. Такьягоҳи асосии он руҳониён, амалдорони маҳаллӣ, бойҳо ва буржуазияи маҳаллӣ буданд. 16—23 апр. 1917 бо иштироки намояндагони 42 шуъба съезди «Ш. и.» шуда гузашт. Дар съезд Совети кишварии мусулмонони Туркистон иптихоб шуд. «Ш. и.» ҳукумати муваққатиро эътироф намуда, чорабиниҳои онро маъқул донист.

Талаби асосии сиёсии «Ш. и.» дар ҳудуди Россияи буржуазӣ ташкил намудани автономияи миллӣ ва дар гузаронидани баъзе ислоҳоти динӣ буд. «Ш. и.» ба муқобили муборизаи миллии озодихоҳии меҳнаткашони кишвар, зидди революция дар саҳифаҳои г-ҳои, «Наҷот» «Турк эли», «Турон» баромад мекард. Ин ташкилот бо пантуркистон, панисломистони мамлакатҳои хориҷӣ ва агентураи империализми байналхалқӣ алоқаи зич дошт. Сиёсати зиддихалқии Ҳукумати муваққатӣ, болоравии ҳаракати революционӣ, тарбияи интернационалии большевикон моҳияти реакционии «Ш. и.»-ро нишон дод ва боиси аз ин ташкилот дур шудани меҳнаткашон гардид. С. 1917 уламо аз ҳайати «Ш. и.» баромада, ташкилоти худ — «Шурои уламо»-ро таъсис намуданд. «Ш. и.» баъд аз Рев.Октябрь бо гвардиячиёни сафед забон як карда бар зидди Ҳокимияти Советӣ мубориза бурд. Ниг. низ Босмачигӣ.

М. Бобохонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …