Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ АМНИЯТ

ШӮРОИ АМНИЯТ

shuroi-amniyat

СОВЕТИ АМНИЯТ, органи муҳими доимоамалкунандаи Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида. Ба зиммаи Совети Амният масъулияти асосӣ—пойдор намудани сулҳу амнияти байналхалқӣ гузошта шудааст. Совети Амният аз номи ҳамаи давлатҳои аъзои ТДМ амал мекунад. Совети Амният аз 15 аъзо иборат мебошад (моддаи 23): аз онҳо панҷто — СССР, ШМА, Британияи Кабир, Франсия ва Хитой аъзоёни доимии Совет, даҳтояшон аъзоёни ғайридоимӣ мебошанд, ки онҳоро Ассамблеяи Генералии ТДМ ба муддати 2 сол интихоб мекунад. Бо қарори Ассамблеяи Генералии ТДМ аз 14 декабри 1963 плани тақсим кардани 10 ҷои ғайридоимии Совети Амният муқаррар карда шуд, ки ба тариқи зер аст: аз Африка ва Осиё—5, аз Европаи Шарқӣ—1, аз Америкаи Лотинӣ ва минтақаи баҳри Кариб —2, аз Европаи Ғарбӣ ва дигар давлатҳо 2 аъзо (Канада, Австралия ва Зеландияи Нав дар назар дошта мешавад). Вазифаи Совети Амният аз таъмини сулҳу амнияти байналхалқӣ иборат аст.

  Совети Амният ваколатдор шудааст, ки ҳама гуна баҳс ё ҳар гуна ҳолатеро, ки метавонад ба зиддият оварда расонад ва боиси низоъ гардад, тафтиш кунад. Мувофиқи Устави ТДМ Совети Амният органи ташкилӣ буда, муҳофизати сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ба зиммаи он гузошта шудааст. Вай ҳуқуқ дорад, ки аз номи органи ташкилӣ доир ба устувор гардонидани сулҳ ё барқарор кардани он то ҳадди истифода бурдани қувваҳои мусаллаҳ чораҷӯӣ кунад. Совети Амният органҳои ёрирасони худро дорад, ки инҳоянд: Комитети ҳарбии штабӣ, Комитети экспертҳо, Комитети доир ба қабули аъзоёни нави ТДМ. Ҳар як аъзои Совети Амният як овоз дорад. Агар ба тарафдории масъалаҳои муҳим 9 аъзои Совети Амният овоз диҳад, қарор амалӣ мегардад. Дар Совети Амният принсипи (яковозӣ) аъзоёни доимии он («ҳуқуқи вето») амал мекунад, ки яке аз нуктаҳои асосии Устав мебошад. Қарорҳои Солвети Амният барои ҳамаи аъзоёни ТДМ ҳатмист, (моддаи 25).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …