Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ШӮРОБ

Шаҳри ШӮРОБ

ШӮРОБ, шаҳр, тобеи p-ни Исфараи вил. Ленинобод, маркази саноати ангишти РСС Тоҷ. Дар доманакуҳҳои шимолии қ-куҳи Туркистон воқеъ аст. Ст. р. о. (як шохаи р. о. Хавос — Хуҷанд). Аҳолиаш 8,7 ҳаз. наф. (1976). з-ди механикӣ, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, 4 мактаби миёна, мактаби мусиқӣ, Қасри ангиштканҳо, клуб, китобхона, шуъбаи алоқа, беморхона дорад. Барои ангиштканҳо ғ. «За уголь» («Барои ангишт») чоп мешавад. Ш. с. 1939 ҳамчун посёлкаи коргарӣ буньёд ёфта, 27 дек. 1952 шаҳр ном гирифтааст.

А. Раҳмонов.

shurob

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …