Маълумоти охирин

ШУРНУЛ

shurnul

ШУРНУЛ (Corvus frugilegus), як навъ паррандаро гӯянд. Бино ба тас нифоти зоологӣ ба о оилаи зоғҳо (қатори гунҷишкшаклон) мансуб аст. Дарозии танааш қариб 44 см. Болу параш сиёҳ (тобиши бунафшу кабуд дорад). Охири нули Ш.-п болиғ бемуй аст (аз ин сабаб нули он шурзадагӣ барин менамояд). Дар Европаи Марказӣ ва Осиё паҳн шудааст. Дар ССР аз Архангелск ва Якутск cap карда, то ҷануб зиндагӣ мекунад; бештар дар ноҳияҳое, ки зироаткорӣ тараққӣ кардааст, вомехурад. Ш. паррандаи кучанда аст; дар ҷан. қисми европоии СССР ва Осиёи Миёна муқимист. Ш.-ҳо дар дарахтони баланд гуруҳ-гуруҳ, шуда лона мегузоранд. Тухмаш (5—6) кабуди сабзтоб аст. Ш. ҳашароти зарарнокро нест карда фоида мерасонад; баъзан тухми коштаро хурда зарар меоварад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …