Маълумоти охирин
Главная / Илм / Шӯриши халқ «Ника»

Шӯриши халқ «Ника»

«Ника» (Nika), шӯриши халқист, ки 11—17 январи 532 дар пойтахти Византия — Қустантания рӯй додааст. Аз нидои шӯришгарон «Ника!» («Зафар намо») ном гирифтааст. Ба муқобили андозҳо ва ҷабру ситами ҳокимон, сиёсати динии император Юстиниан, ки аҳли бидъат ва бутпарастонро тахқир мекард, нигаронида шуда буд; дар шӯриш монофисҳо (тарафдорони таълимоти динию сиёсӣ) мавқеи калон доштанд. Косибону ҳунармандон, тоҷирони хурд, камбағалони Қустантания муттаҳид шу­да, ба муассисаҳои ҳукуматӣ ҳуҷум карданд ва шаҳрро оташ заданд. Юс­тиниан дар қаср дар муҳосира монд.

Амалдорони олиро аз кор озод кард, вале ин шӯришгаронро қонеъ нагардонд. Император барои фирор тайёрӣ дид. Баъзе сенаторҳо ба шуӯриш ҳамроҳ шуданд. Иштирокчиёни «Ника» Ипатийро император эълон карданд. Вале дере нагузашта шу­риш ба манфиати ашрофон таҳдид кард: халқ рӯихати қарздоронро нест ва ҳавлиҳои боёнро хароб месохт. Ин ба ҳукумат имкон дод, ки дар байни шӯришгарон низоъ андозад. Ҳукуматдорор ба қисми роҳбарони шӯриш ришва дода онҳоро ба тарафи худ кашиданд. Юстиниан бо ёраи дастаҳои зархарди готҳо ва герулҳо шӯришро пахш кард. Тақрибан 35 ҳазор кас кушта шуд; Ипатий ва бародарош ба қатл расида, бисёр сенаторҳо бадарға шуданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …