Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ ВОСЕЪ

ШӮРИШИ ВОСЕЪ

ШӮРИШИ ВОСЕЪ, шуриши деҳқонони бекии Балҷувон, ки с. 1888 ба муқобили истисмори амирӣ ба амал омадааст. Андозҳои гуногун, зулми бойҳои маҳаллию беки Балҷувон сабабҳои сарзании Ш. В. гардиданд. Восеъ с. 1888 оммаи халқро ба шуриш даъват кард. Дар як муддати кутоҳ мардуми деҳаҳои Маҳмуддара, Сучиён, Шайхон, Чуқурак, Оқтерак ва ғ. ба Восеъ ҳамроҳ шуданд. Шуришгарон ба Ховалинг рафта, ба амлокдорхона ҳуҷум оварда, амлокдорро ҳабс карданд. Аз Кулобу Муминобод ба дастаҳои Восеъ қариб 1000 кас ҳамроҳ шуд. Шӯришгарон ба воситам Ҷайракутал роҳи Балҷувонро пеш гирифтанд. Сарбозони бек аз д. Сурхоб (Қизилсу) гузашта, дар маҳали Сари Мазор ба шуришгарон ҷуҷум оварданд. Задухурд байни шуришгарону сарбозон тамоми рӯз давом кард, ки дар он аскарони бек шикаст хурданд ва шуришгарон қалъаи Балҷувонро ба даст дароварданд. Бек ҳамроҳи тарафдорони боқимондааш ба Кангурт ва аз он ҷо ба Ҳисор гурехт. Шӯришгарон Кангурт, Пушинг, Оқсу ва Тутқавулро ишғол карданд. Восеъ қалъаро ишғол намуда, Балҷувонро се рӯз дар дасти худ нигоҳ дошт. Як қисми шуришгарон бо ғаниматҳои гирифтаашон ба хонаҳои худ рафтанд.

shurish

Бо фармони амири Бухоро ба Балҷувон аскарони беки Ҳисор Остонақул фиристода шуданд. Аскарони Остонақул ба шӯришчиён шикаст дода Балҷувонро гирифтанд. Восеъ бо шуришгарон ақибнишинӣ кард. Восеъ бори дуюм қувва ҷамъ карда, барои гирифтани Балҷувон кушид. Ин дафъа сарбозон шикаст хурданд ва шуришгарон қалъаро бори дуюм гирифтанд.

Амир ба муқобили Восеъ қувваҳои ҳарбии Ҳисор, Дарвоз ва Кулобро сафарбар намуда, аз Бухоро қувваҳои зиёдро бо тӯпҳо фиристод. Ба ин қувваҳо Остонақул сардорӣ мекард. Дар охири июли 1888 аскарони аморат шуришгаронро шикаст дода, қалъаи Балҷувонро ишғол карданд. Остонақул 130 наф. шуришгаронро асир гирифта, ба назди а мир фиристонд. Боқимондаҳои шуришгарон бо сарварии Восеъ ақиб нишастанд. Восеъ кушид, ки онҳоро ҷамъ карда, муборизаро давом диҳад, вале шикаст хурд. Восеъ ва ёрдамчиёни наздики ӯ дар куҳҳо пинҳон шуданд. Вале дар натиҷаи хиёнат ох. авг. .1888 Восеъро дастгир карда, барои ҷазодиҳӣ ба Китоб фиристоданд ва дар он ҷо ба қатл расонданд. Дар бораи шуриши Восеъ мардум ривоят, суруду достонҳои зиёде гуфтааст. Дар ин мавзуъ адибони советии тоҷик М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ либреттои «Шӯриши Восеъ», С. Улуғзода романи «Восеъ» ва диг. асарҳо офаридаанд.

Ш. Юсуфов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …