Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ СПИТАМЕН

ШӮРИШИ СПИТАМЕН

ШӮРИШИ СПИТАМАНА, хуруҷи халқӣ дар Суғду Бохтар (с-ҳои 329—327 то м.) бар зидди Искандари Мақдунӣ. Роҳбари шуриш сипаҳсолори маҳаллӣ Спитамана буд. Вай с. 329 то м. шумораи зиёди ҷанговарон ва мардуми осоиштаро муттаҳид намуда, Мароқанд (Самарқанд) – ро ба даст даровард. Қисми зиёди аскарони душман кушта шуда, боқимондаи аскарони юнони дар қалъа пинҳон гаштанд. Искандар аз соҳили д. Сир ба ёрии муҳосирашудагон 3 ҳаз. аскари пиёда ва 800 савора фиристод. Дар ин вақт шуриш саросари Суғду Бохтарро фаро гирифт. Вақте ки аскаронн юнонӣ ба Мароқанд наздик омаданд, Спитамана ҷанговарони худро аз муҳосираи шаҳр гирифта, ақибгарди вонамуд кард. Қушуни юнониҳо суғдҳоро таъқиб намуд. Спитамана вақти қулай ёфта, ба юнониҳо баргашта ҳуҷум кард. Юнониҳо гурехта ба яке аз ҷазираҳои д. Зарафшон баромаданд. Ҷанговарони Спитамана онҳоро дар он ҷо муҳосира карда нобуд сохтанд. Спитамана баъди он ба дастгирии аҳолии маҳалли бори дуюм гарнизони мақдуниҳоро дар Мароканд муҳосира намуд. Вақте ки Искандар бо қувваҳои асосиаш ба Мароқанд омад, Спитамана ба ҷанг надаромада қушунҳои худро боз ба дашт бурд. Искандар аз воқеаи пешина панд гирифта, Спитаманаро таъқиб накард ва аҳолии осоиштаи водии Зарафшонро ҷазо дод: деҳаҳоро оташ зад, калонсолонро кушт. Дар ин ҳол қаҳрамонии 30 наф. мардони Суғд, ки ба марг сурудхонон мерафтанд, мақдуниёнро ба ҳайрат андохта буд. Халқи қаҳрамони Суғд, ба талафот нигоҳ накарда, мутеъ намешуд. Спитамана душманро ором намегузошт, бо сипоҳиёни савораи тезгардаш аз ҳар тараф ҳуҷум оварда ба истилогарон зарбаҳои сахт мезад. Суғдиён намехостанд ба волиҳое, ки Искандер таъин мекард, мутеъ бошанд, пай дар пай шуриш мебардоштанд. Искандар бо мақсади пахш кардани шуриш лашкари 20 ҳазораро ба панҷ гуруҳ тақсим карда, дар саросари Суғд ҳар шахси дучоромадаро ба қатл мерасонд, дар натиҷаи ин куштор зиёда аз 120 ҳаз. кас нобуд гашт.

Суғд бағоят хароб шуд. Дар айни ин хунрезиҳо Спитамана бо 600 савора ба ақибгоҳи Искандар — ба Бохтар гузашт. Тирамоҳи с. 328 то м. Спитамана бо 3 ҳаз. савора ба суи пойтахти Суғд равона шуд. Баъди муҳорибаи сахт, ки дар он ҳар ду тараф талафоти калон диданд, вай ночор ба дашт ақиб нишаст. Дар дашт пешвоёни хиёнаткори қабилҳои кучманчӣ ба Спитамана ҳамла оварда, сарашро аз тан ҷудо карданд ва ба Искандар фиристоданд.

Баъди ҳалокати Спитамана ҳам шуриш се соли дигар давом кард ва минбаъд пахш карда шуд.

Ад.:  Гафуров Б. Г.. Цибукндис Д. И., Александр Македонский и Восток, М.. 1980.

У. Назиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …