Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ ШАРИК ИБНИ ШАЙХ

ШӮРИШИ ШАРИК ИБНИ ШАЙХ

ШӮРИШИ ШАРИК ИБНИ ШАЙХ, хуруҷи оммаи халқи Бухоро, ки с-ҳои 750-751 бар зидди ҳукуматдории Аббосиён ба вуҷуд омад. Баъди сарнагун шудани Умавиён с. 750 ба сари хилофат сулолаи Аббосиён омад, ки ин боиси боз ҳам вазнин шудани аҳволи аҳолии Мовароуннаҳр гардид. Ашрофи маҳалли халқро бераҳмона истисмор мекард, ки хуруҷу ошубҳои аҳолии Мовароуннаҳро ба вуҷуд овард. Яке аз ин хуруҷҳои аҳолии Бухоро (с. 750) буд, ки ба он араб Шарик ибни Шайхи Маҳрӣ сардорӣ мекард. Мувофиқи маълумоти Абубакри Наршахӣ Шарик ибни Шайх шиа буд, ба сулолаи Аббосиён, ки пайрави мазҳаби суннӣ буданд, муқобил баромад на оммаро бар зидди онҳо бархезонд. Мувофиқи маълумоти Табарӣ шумораи иштирокчиёни Ш. то ба 30 ҳаз. наф. расида, марказаш ш.Бухоро буд. Дар шуриш суғдиён, арабҳои камбағали сокини Бухоро ва атрофи он иштирок карданд. Ш.-ро сокинони Самарқанд, Хуросон ва диг. шаҳрҳо дастгирӣ карданд. Волии Хуросон Абумуслим барои пахш кардани Ш. Зиёд ибни Солеҳро бо 10 ҳаз. аскар ба Бухоро фиристод. Муддати 37 рӯз байни лашкариёни Зиёд ва шуришгарон задухурдҳо давом карда, дар аксари онҳо шуришгарон зафар ёфтанд. Қутайба ибни Тағшода оо 10 ҳаз. аскар ба мадади Зиёд омада, Бухороро аз мавзеъҳое, ки онро бо озуқа таъмин менамуданд, ҷудо кард. Аз нараси дани озуқа аҳволи шуришгарон хеле вазнин шуд. Дар задухурдҳои нобаробар шуришгарони зиёд, аз ҷумла Шарик ибни Шайх кушта шуданд.

Аҳолии шаҳр баъди ҳалокати Шарик ҳам муқобилатро ба арабҳо давом доданд. Зиёд шаҳрро оташ зада, писари Шарик ва яке аз бонуфузтарин сардорони лашкари онро дастгир карда ба дор кашид. Задухурди охирин дар назди дарвозаи Атторон ба вуқуъ омад, ки дар он аксари шуришгарони Бухоро ҳалок гардиданд.

Ш. шикаст хурд. Ин Ш. яке аз зуҳуроти муборизаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди ҳукмронии аҷнабиёни араб буд.

Ад.: Абубакр Муҳамад ибни Ҷаъфар Наршахӣ, Таърихи Бухоро Д.1979. Гафуров Б. Г.. Таджики. Древнейшая.древняя и средневековая история, М. 1972

У. Назиров, А. Валиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …