Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ МУЛЛОХОЛ

ШӮРИШИ МУЛЛОХОЛ

ШӮРИШИ МУЛЛОХОЛ, баромади деҳқонон бо сардории Муллохол бар зидди бедодгариҳои маъмурияти аморат дар беки Балҷувон, ибт. с-ҳои 80 а. 10. Деҳқонон ба хироҷгирии беинсофонаи бек муқобил баромаданд. Ба шуришчиён сокини деҳаи Калтачипори бекии Балҷувон Муллохол сардорӣ макард. Бек аз авҷи баромади оммаи деҳқонон ҳаросида ба 2 танга кам кардани андози қӯшпулиро (андоз аз ҳар ҷуфьт чорвои корӣ) ваъда дод. Шуришгарон ба ваъдаи бек бовар карданд. Бек ба ваъдааш вафо накард ва амр дод, ки қушпулӣ дар ҳаҷми пештара аз деҳқонон ситонида шавад. Деҳқонони фиребхурда ба шур омаданд. Шуришгарон бо даъвати Муллохол ба Балҷувон рафта, аз бек кам кардани андозро талаб карданд. Вале онҳо ба иҷрои талаби худ ноил нагаштанд. Шӯришчиён дар оташи ғазаб чанд наф. андозгирандаро куштанд. Шуриш дер накашид. Он аз тарафи қушунҳои подшоҳӣ пахш карда шуда, роҳбари шуриш Муллохол ба қатл расид,

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …