Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ ҲИСОР (1703)

ШӮРИШИ ҲИСОР (1703)

 ШӮРИШИ ҲИСОР (1703), хуруҷи калони халқии зиддифеодалӣй, ки с. 1703 дар Ҳисор ба вуқуъ пайвастааст. Бо ҷанги байни ду феодал: Муҳаммадраҳимбий ва Уткан оғоз ёфт. Уткан ном саркарда яке аз қалъаҳои ноҳияи Ҳисорро забт кард. Хони Бухоро Абдулазизхон бо сардории Муҳаммадраҳимбий бар зидди Уткан қушун фиристод. Қушунҳои бухороиён муваффақият пайдо накарда ақиб гаштанд, аҳолии Ҳисор дар тасарруфи Уткан монд. Мардуми ба дод омадаи Ҳисор аз хони Бухоро имдод талабида, арз намуданд, ки задухурди байни феодалон боиси бадбахтии онҳост. Хон ба вакилони халқ дағалӣ кард, ҳатто бо шамшер ба онҳо ҳамла овард, намояндагони халқ баҳри ҳифзи худ ба даст сангу калтак гирифтанд. Ш. X,. ғалабаовар буд. Бо таъсири он минбаъд дар Бухоро (1708-14), Самарқанд (1713, 171- 1720), Балх (1719), Тошкент (1746) ва ғ. шуришҳои халқӣ cap заданд, ки то ҳадде хашми ҳокимони даврро тарсониданд.

Ад:        Гафуров Б. Г.. Таджики, древнейшая, древняя и средневековая история, М., 1972.

У. Назиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …