Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ БАЛҶУВОН

ШӮРИШИ БАЛҶУВОН

ШӮРИШИ БАЛҶУВОН (1916), хуруҷи аҳолии бекии Балҷувон, ки бар зидди зулми аморати Бухоро ва Россияи подшоҳӣ нигаронпда шуда буд. С. 1916 намояндагони Россияи подшоҳӣ бо ёрии маъмурияти аморати Бухоро барои харидани аспҳо ба Бухорои Шарқӣ омаданд. Онҳо дар бекии Балҷувон аз аҳолӣ аспҳоро ба нархи бениҳоят арзон хариданд. Илова бар ин ав 5 наф. сокинони мадҳллӣ, ки галаи аспҳои аз амлокдорни Тутқавули бекии Балҷувон харидашударо ба Самарқанд бурда буданд, 3 нафарашон ҳалок гардиданд. Ғайр аз ин деҳқонони аз андози ушр ба дод омада буданд. Ҳамаи ин саоабҳои асосан сар задани шуриш гардиданд. Бо даъвати Назир Дурбон ном деҳқоне (аз деҳаи Кули Суфиён) 500—600 наф. шуришгарон ба сӯи қароргоҳи беки Балҷувон ҳаракат карданд. Назир Қурбон аз номи шуришгарон талаб кард ки фармон дар бораи ба Сарой Камар бурдани андози ушр бекор карда шавад. Бо амри бек Назир Қурбонро ҳамчун роҳбари шуршигарон ба ҳабс гирифтанд. Дар натиҷаи задухурдҳои шадид Ш. Б. шикаст хурд ва роҳбарони он дучори ҷазои сахт гардиданд. Агарчӣ Ш. Б. шуриши стихиявӣ ва номуташаккил буд вале дар таърихи муборизаи халқи тоҷик дар арафаи Рев. Октябрь аҳамияти калони таърихӣ дошт.

Ад.:  Мухторов А.. Восстание крестьян Бальджуанского бекства в 1916 г. «Изв. ООН АН Тадж. ССР». M l. (47). 1967.

Ш. Юсуфов.

shurish

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …