Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ СОЛҲОИ 1905 -07 ДАР БАЛҶУВОН

ШӮРИШИ СОЛҲОИ 1905 -07 ДАР БАЛҶУВОН

ШӮРИШИ СОЛҲОИ 1905 -07 ДАР БАЛҶУВОН, яке аз ошубҳое, ки с-ҳои 1905—07 дар зери таъсири Рев. с-ҳои 1905—07 дар Россия дар бекии Балҷувон (деҳаи Даҳнак) ба амал омадааст. Ба Ш. мардикорони пешқадаме, ки аз гушаву канорҳои шим. Туркистон ба ватан баргашта буданд, роҳбарӣ мекарданд. Ш.ба дигар бекиҳо низ паҳн гардид. Шуришгарон оид ба кам кардани боҷу хироҷ ба беки Балҷувон якчанд талаб пешниҳод карданд. Бек барои бурди вақт ба назди Шуришгарон намояндаи худ Давлатбийро фиристод. ӯ аз номи бек ба Шуришгарон ваъда дод, ки          ин ваъда амалӣ мегардад. Шуришгарон ба ин ваъда бовар карда ба хонаҳояшон пароканда шуданд.  Бек аз фурсат  истифода бурда, аз иҷрои ваъда даст кашид ва иштирокчиёни фаъоли шӯришро алоҳида-алоҳида дастгир кард ва бо ҳамин роҳ шӯришро пахш кард.

Ш.    Юсифов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …