Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ АБРӮЙ

ШӮРИШИ АБРӮЙ

ШӮРИШИ АБРӮЙ, хуруҷи табақаҳои камбағали аҳолии Суғди Поён (ҳозира вил. Бухоро) бар зидди заминдорони калон ва савдогарони маҳаллӣ, ки с-ҳои 80 а.  ба вуҷуъ омадааст. Сабаби асосии шуриш ниҳоят бад шудани аҳволи деҳқонон буд. Роҳбари шуриш Абруй буд. Шуришгарон ғалаба ба даст оварданд. Абруй Байканд (Пайканд)-ро  ишғол карда, ҳокими вилоят шуд. Ба қавли Наршахӣ, Абруй баъди соҳиби тахт шудан зулмро пеш шрифт. Аҳолии вилоят, хусусан заминдорону сарватмандон аз сиёсати у норозӣ шуда, ба Ҳафтруд гурехтанд. Онҳое, ки дар Бухоро монда буданд, тавассути медҳарон ва деҳқонони фироркардаи худ аз ҳоқони турк Қарочурин мадад хостанд. Писари Қарочурин — Шери Кишвар тақр. с. 585 ба Бухоро лашкар кашид ва шуришгаронро шикаст дода, Абруйро асир гирифта кушт.

Ад.: Ғафуров Б. Р., Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. ҷ. 1. Д., 1983.

У. Пулодов.

shurish

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …