Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ СОЛИ 1919 ДАР ҚАРШӢ

ШӮРИШИ СОЛИ 1919 ДАР ҚАРШӢ

 

ШӮРИШИ СОЛИ 1919 ДАР ҚАРШӢ, хуруҷи деҳқонони бекии Қаршӣ ба муқобили сиёсати зиддихалқии аморати Бухоро. Апр. 1919 дар бекии Қаршӣ исёни деҳқонон ба а мал омада, ба зудӣ ба шуриши ошкоро табдил ёфт. Қувваи асосии шуришро деҳқонон ташкил медоданд. Онҳо аз додани андоз capкашӣ мекарданд, ба қароргоҳи амалдорон шабохун мезаданд. Дар маҳхалли Косон байни шуришгарон ва сарбозони амири Бухоро задухурди хеле шадид ба амал омаданд,  150 нафар деҳқонони мусаллаҳ якчанд рӯз бо қушунҳои амир ҷангиданд. Дар рафти Ш. як қисми сарбозони амир тарафи деҳқонон гузаштанд. Ва ин ҳама шуриш чандон муваффақият пайдо накард. Шӯришгарон нақшаи аниқу роҳбарии ягона надоштанд ва нағз мусаллаҳ набуданд. Аз ин ба ҳукумати амирӣ муяссар гардид, ки Ш.-ро пахш кунад. Қариб дар саросари бекии Қаршӣ таъқибот ва ҷазодиҳӣ cap шуд. Ш. шикаст хӯрда бошад ҳам, ба хуруҷи минбаъдаи зидди тартиботи иртиҷоии аморати Бухоро замина гузошт.

Ад.:  Тухтаметов Т. К., Россия и Бухарский  эмират в начале XX века, Д 1977.

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …