Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР ХУҶАНД

ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР ХУҶАНД

ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР ХУҶАНД, хуруҷи меҳнаткашони уезди Хуҷанд бар зидди ҷабру ситами ҳукумати подшоҳӣ. 25 июни 1916 ҳукумати Николайи II фармон баровард, ки мардони 19—43 солаи ноҳияҳои шарқии Россия ба сохтмони иншоотҳои мудофиавӣ сафарбар карда шаванд. Бояд аз кишв. Туркистон 250 ҳаз. наф., аз ҷумла аз уезди Хуҷанд 8948 кас сафарбар карда мешуд. 2 ва 3 июль дар Хуҷанд мардумро рӯйхат кардан гирифтанд. 4 июль дар таги дарвозаи қозихонаи маҳаллаи Қалъаи Нави шаҳр зиёда аз 500 наф. сокинонн шаҳр ҷамъ омада, аз пристав ва қозӣ талаб карданд, ки руйхатсозӣ бас карда шавад. Мардум ба талаби худ ҷавобе нашунид ва ба назди сардори уезд ба Чоршанбебозор раҳсипор шуданд ва дере нагузашта дар назди идораи уезд 7—8 ҳаз. кас ҷамъ шуд. Вақте халқ ҷавоби радро шунид ба ғазаб омада ба идора ҳуҷум кард, дар ҷавоб полиция тир кушод. Дар ин шуриш Ходили Ҷамолак, Ҷура Зокиров, Ҷӯра Алӣ, Зубайдулло Раҳматуллоев барин фарзандони далери халқи тоҷик фаъолона иштирок карданд. Бегоҳи ҳар шаҳр палати ҳарбӣ эълон карда шуд. Хабари шуриши Хуҷанд зуд ба дигар маҳалҳои Тоҷикистон ва ба тамоми Осиёи Миёна паҳн гардид. 17 июль шуриш дар вил. Фарғона — дар деҳаи Пунук, деҳаи Ашти Поён ва Боло ва волости Ашт сар зад. Мардум сангу чуб ва белу каланд ба даст гирифта ба хонаи сардорони деҳа, волость ва эликбошиҳо рафта, руйхатҳоро ба зурӣ кашида гирифта, идораҳоро оташ мезаданд. Амалдоронро то мурдан мекуфтанд. Барои пахш кардани шуриши Ашт отряди ҷазодиҳӣ фиристода шуд, ки он ба шуришгарон сахт ҷазо дод. Танҳо аз ҷумлаи шуришгарони Пунук ва Ашти Поён 99 кас ҳабс карда ба суд дода шуд, ки дар байни онҳо занон ҳам буданд.

Ғайр аз ин шуриши калон дар волости Унҷӣ (8 авг.) ва деҳаи Қистакузи уезди Хуҷанд (9 авг.) ба вуқуъ омаданд. Қувваи асосии шуришро косибон ва ҳунармандонни зери зулми дутарафа — ҳам амалдорони маҳаллӣ ва ҳам золимони подшоҳӣ буданд, ташкил медоданд. Гарчанде ин шуриш аз сабаби номуташаккилӣ шикаст  хурда бошад ҳам, буньёди тартиботи мустамликадории подшоҳиро дар кишв. Туркистон суст кард.

Ад.: Раҷабов 3. Ш., Шуриши соли 1916 дар музофоти Хуҷанд. Д., 1955. Стеценко И. А., Из истории народных движений в Таджикистане во второй половине XIX и начале XX вв. (1870—1917 гг.), Д.. 1963; История таджикского народа, т. 2, кн. 2, М 1964.

Ш. Юсуфов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САФОРАТХОНА

САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум …