Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР УРОТЕППА

ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР УРОТЕППА

ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР УРОТЕППА , хуруҷи меҳнаткашон бар зидди сиёсати мардикоргирии ҳукумати подшоҳист. Аз шаҳр ва волостҳои Уротеппа, Ғончӣ, Далён, Шаҳристон ва Мастчоҳ, ки ба уезди Хуҷанд дохил буданд, мебоист 2651 кас ба мардикорӣ даъват карда мешуд. Мардуми Уротппа ва музофотҳои он ба талаботи ҳукумати подшоҳӣ ва ҳокимони маҳаллӣ итоат накарда, шуриш бардоштанд. Маъмурияти Ҳукумати подшоҳӣ барои пешгирии шуриш 7 июль гарнизони Уротеппаро бо пулемётҳо ва 70 наф. казакҳои иловагӣ мустаҳкам кард. Ба муқобили аҳолӣ посбонони савора ва қисмҳои полиция сафарбар карда шуд. Онҳо шуришгаронро пароканда карданд. Ҳукумати подшоҳӣ гарнизони Уротеппаро боз бо 70 аскари тирандоз, 2 туп, 2 пулемёт ва 200 аскари қаторӣ мустаҳкам намуд. 26 ва 27 июль аз Хуҷанд барои пахши Ш. ду колонна (яке ба воситаи Уротеппа Шаҳристня ва дигаре аз болооби Сангзор) фиристода шуд. Онҳо дар волости Ғончӣ муттаҳид шуда, отряди ҷазодиҳанда ташкил намуданд ва ин шуришро пахш карданд.

Т. Каримов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …