Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ СОЛИ 1872 ДАР ХУҶАНД

ШӮРИШИ СОЛИ 1872 ДАР ХУҶАНД

ШӮРИШИ СОЛИ 1872 ДАР ХУҶАНД, хуруҷи оммаи халқ бар зидди сиёсати ҳукумати подшоҳии рус ва ҳукуматдорони маҳаллӣ. Хукумати подшоҳӣ ва ҳукуматдорони маҳаллӣ миқдори андозҳоро то рафт зиёд мекарданд. С.-ҳои 1870—71 хушксолӣ ва қаҳтӣ шуд, сарфи назар ба ин аз оммаи халқ адои андозро талаб мекарданд Ниҳоят оммаи халқ аз ин бедодӣ ба шӯр омад ва 14 апр. 1872 дар назди масҷиди бозори калони ш. Хуҷанд қариб 10 ҳаз. косибон, деҳқонони камзамин ва безамин ҷамъ. шуда, чанд амалдор (козикалон, закотчӣ, оқсақол)-ро дастгир ва махбусонро аз миршабхона озод карданд. Шӯришгарон аз ҳукуматдорон талаб карданд, ки андози пулӣ барҳам дода, хироҷ кам карда шавад. Ёрдамчии сардори уезд бо дастаи казакҳо барои пароканда кардани шӯришгарон омад. Вале шӯришгарон пароканда нашуда, талаботи худро боз ҳам катъитар ба миён гузоштанд. Ҳукуматдорони Хуҷанд бо мадади ротаи аскарони мусаллаҳ шуришро пахш карданд.

Ад: История таджикского народа, т. 2, кн. 2, М., 1964    М. Бобохонов

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …