Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ СОЛИ 1870 ДАР БЕКИИ БАЛҶУВОН

ШӮРИШИ СОЛИ 1870 ДАР БЕКИИ БАЛҶУВОН

ШӮРИШИ СОЛИ 1870 ДАР БЕКИИ БАЛҶУВОН, аввалин хуруҷи калони оммавӣ ба муқобили андозҳои аз ҳад зиёди амирӣ дар Балҷувон баъди ба аморат ҳамроҳ кардани Бухорои Шарқӣ. Амир Aбдукаримбои дастархончӣ — писари беки Самарқанд Шералиро беки Балҷувон таъин кард. ӯ ба Балҷувон        омада ихтиёран андозҳоро зиёд кард, ки ин боиси норозигии оммаи васеъ гардид. Аҳолӣ аз бек кам кардани андозҳоро талаб кард. Вале бек талаби аҳолиро рад намуд. Он гоҳ тобистонт 1870 аҳолии Балҷувон шӯриш бардоштанд. Шӯриш зуд вусъат ёфт. Шӯришгарон бошишгоҳи бек як шабонарӯз муҳосира намуданд. Беки Балҷувон аз бекҳои Кӯлоб, Ҳисор ёрӣ талабид. Шӯришгарон гарнизони хурди сарбозони амирро торумор карда, қалъаи бекро ба даст оварданд ва молу мулки бекро байни худ тақсим намуданд Ба ёрии беки Балҷувон дастаи хале калони сарбозони амир омад Дар натиҷаи задухӯрди шадид бо сарбозони амир шӯришгарон шикаст хӯрданд ва ба сӯи Дарвоз ақиб гаштанд. Сарбозон шӯришгаронро таъқиб карда бисёре аз онҳоро куштанд аз боқимондатонро асир гирифтанд.

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …