Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / ШӮРИШИ СОЛДАТҲО ДАР ХУҶАНД

ШӮРИШИ СОЛДАТҲО ДАР ХУҶАНД

ШӮРИШИ СОЛДАТҲО ДАР ХУҶАНД (1905), шӯриши ротаи понтонии Туркистон, ки дар зери таъсири вокеаҳои революционии с. 1905 дар Россия ва Туркистон бо роҳбарии социал-демократҳои маҳаллӣ (Хапилин ва диг.) ба амал омада буд. Сабаби Ш. муомилаи бади офицерон бо аскарони қаторӣ сифати пасти хӯрок ва шароити тоқатфарсои казарма буд. Ш. 25 дек. аз кӯфтани офицерони манфур оғоз ёфт. Солдатҳои шӯришгар беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва сифати хӯрокро талаб карда, амрҳои командиронро иҷро намекарданд. Подполковник Гуськов ба фармон итоат накардани ротаро дида, барои пахш намудани Ш. аз командири Ротаи 5-уми тирандозии Батальоны 12-уми тирандозии Туркистон капитан Белов ёрӣ пурсид. Шӯришгарон аз мақсади Гуськов воқиф шуда ба сӯи ротаи тирандоз оташ кушоданд. Гуськов ва Белов аз фишори шӯришгарон тарсида аскарони ротаи тирандозиро ба казарма баргардонданд. Фақат пагоҳии 28 дек. дар ротаи пулсозон оромӣ фаро расид. 30 дек. 1905 Гуськов аз вазифааш дур карда шуд. Худи ҳамин рӯз губернатори ҳарбии вил. Самарқанд аз штаби округ барои пурқувват намудани ротаи тирандозӣ ва ором кардани аҳолии шаҳр қувваи иловагӣ талабид. Ҳукумати подшоҳӣ ба иштирокчиёни Ш. бераҳмона ҷазо дод.

shurish

АД.: Каримов Т.. Таджикистан в период революции 1905-1907 гг.,Д.,1965

 Ш. Юсуфов

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …