Маълумоти охирин

ШӮРБО

shurbo

ШӮРБО, як навъ таоми миллист. Аз қадим дар байни халқҳоин Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Тарзи тайёр кардани Ш. чунин аст: Баъди доғ кардани равған (равғани пахта, офтобпараст ва ғ.) дар дег аввал гушт, баъд пиёзро сурх мекунанд. Сипас помидорро низ бирьён намуда, ба дег об меандозанд. Вақте ки об ҷушид ба он сабзавот (сабзӣ, шалғам, картошка, баъзан карам, каду, нахуд) ва адвиёт илова карда, дар оташи паст тақр. 1 соат мепазанд Ш.-ро ба косаҳо кашида мувофиқи табъ ба рӯяш кабудӣ мепошанд. Вобаста ба маҳсулот ва тарзи ҳозир кардан ҳоло қариб 20 хели Ш. маълум аст.

М. Ҳамидҷонова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …