Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШУРАИҲО

ШУРАИҲО

ШУРАИҲО (Chenopodiaceae), оилаи гиёҳҳои як ё бисьёрсола, нимбуттаву бутта, дарахтони хурд (то 2—6 м) ва баъзе растаниҳои лианамонанд (Hablitzia)-po гуянд Ш. дар шурзамин (галофитҳо), нимбиёбону биёбон, дашт ва соҳили баҳр меруянд Появу навдаи банд-банди сероб (суккулентҳо), барги паи ҳам ҷойгиршуда, гули майдаи зард ё сурхтоб, хушанули туғшакл ё саракмонанд, меваи яктухма, тухми наскмонанд ё гурдашакл доранд. Дар дуньё қариб 100 ҷинс (1500 намуд)-и Ш. (асосан дар соҳилҳои б. Миёназамин, биёбонҳои Осиё, Африка ва Австралия, инчунин даштҳои Америка) вомехуранд. Дар СССР қариб 50 инсе (беш аз 350 намуд), аз ҷумла дар Тоҷикистон 38 ҷинс (140 намуд)-и Ш. (асосан дар биёбонҳои доманакуҳи Тоҷикистони Ҷанубию Шимолӣ, инчунин Помир) меруянд.

shura

Баъзе Ш. (лаблабу, испаноҷ ва ғ.) чун сабзавот маъмуланд. Ш. ҳамчун растаниҳои хуроки чорво (саксавул, тура ва ғ.), ороишӣ, доруӣ аҳамияти калон доранд. Бисьёр Ш.-ро барои мустаҳкам кардани регзор ва беҳтар намудани чарогоҳ истифода мебаранд.

Ад.: Флора СССР т. 6, М.—Л.. 1936; Флора Таджикской ССР, т. 3. Л., 1968.

С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …