Маълумоти охирин

ШУРА

ШУРА, шурак, шуралаф, шургиёҳ (Chenopodium), як ҷинси гиёҳҳои як ё дусола, баъзе нимбуттаву бутта ва дарахтест аз оилаи шураиҳо. Баргаш думчадор, гулаш майда, мевааш яктухма. Дар дуньё тақр. 250 намуди Ш. мерӯяд; аксари онҳо алафҳои бегона ҳисоб мешаванд. Дар Тоҷикистон 15 намуди Ш. (аз ҳамвориҳои доманакуҳ то ҳадди болоии минтақаи субалпӣ) месабзад. Аксари онҳо чун растаниҳои хуроки чорво, рангу борӣ ва доруӣ аҳамият доранд. Баргу навдаҳои навраси тару тозаи баъзеи онҳоро ба хурок меандозанд. Сафедшура (СЬ. album) чун алафи бегона хеле фаровон буда, хуроки хуби чорвост. Бугинакшура (СЬ. batrys, ниг. расм) дар ҳама ҷо вомехурад; онро шутур нағз мехурад ва дар тибби халқӣ барои муолиҷаи дарди гулу, қабзияти нафас, ташаннуҷи мушак ва ғ. истифода мебаранд. Бо бугинакшура куяро нест мекунанд. Решааш 0,03—0,04% равғани эфир, баргаш витамини Б ва каротин, мевааш, 0,15% алкалоид дорад. Ш.-и сурхак (Ch. folioaum) дар республика (то баландкуҳи Помири Шарқӣ меруяд) хеле фаровон аст. Онро ба хурок меандозанд.

shura

Заҳршуpa (Ch. hubridum) дар Тоҷикистон камёб ва хеле заҳрнок аст. Гушро вазнин мекунад, таркиби хунро тағйир медиҳад ва ба пардаҳои луобии даҳону сурхруда зарар мсрасонад. Дар ҳама узвҳои он алколоид (леуцин,  триметилгликол, бетаин) ва равғани эфир ҳаст. Баъзе навъи Ш. (Ch. purpurascens) -ро чун гул мепарваранд.

Ад.: Флора Таджикской ССР. т. 3. Л., 1968; Садыкоп Ю. Д., Ходжиматов М.. Комаров Ю. И.. Алкалоиды плодов Chcnopodlum bolrys L., «Растительные ресурсы», т. 14. в. 2. 1978.

С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …