Маълумоти охирин

ШУНҚОР

ШУНҚОР, (Falco gyrfalco), як навъ паррандаи соҳибчанголро гӯянд. Дарозии баданаш 50—60 см; вазнаш то 1,5 (нарина), 2 кг (модина). Болу параш хокистарранг ё сафеди холдор. Ш. дар шим. Европа, Осиё ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудаaст. Дар бешатундра ва шахҳои соҳили баҳрҳо зиндагӣ мекунад. Лонаи диг. паррандагонро (дар дарахтони баланд, шах, ҷарӣ соҳилҳо) азхуд карда, 3—5 тухм мегузорад. Ғизояш асосан паррандагонн дигар ва баъзан мушу заргуш аст. Ш.-ро чун паррандаи шикорӣ истифода мебаранд. Алҳол миқдори Ш. дар ҳама ҷо кам шудааст.

shunkor

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …