Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Шаҳри таърихии ШУМАН

Шаҳри таърихии ШУМАН

ШУМАН, Шумон, яке аз қадимтарин шаҳр ва вилоятҳои таърихию мадание, ки дар ҳудуди ҳозираи водии Ҳисори РСС Тоҷ- воқеъ буд. Одамон дар Ш. ҳануз дар давраи асри санг маскун будаанд (ниг. Маданияти Ҳисор). Бостоншиносон нишонаҳои онро дар натиҷаи ҳафриёти харобаҳои Хайгула, Чимқурғон ва Тухма ошкор кардаанд. Ш. а-ҳои 4—3 то м. дар ҳайатп давлати юнонии Бохтар, а-ҳои 1 то м.—4 м. дар ҳайати давлати Кӯшопиён буд. Дар давраи Кӯшопиён маркази Ш. шаҳри Ҳамоварон буд, ки масоҳати он тақр. 350 га-ро ташкил медод. Дар Ш.-и давраи атиқа меъморӣ хеле тараққӣ карда буд. Биноҳои сангиин пурнақшу нигор дар санъати баланди меъморони Ш. далолат мекунанд. То ҳуҷуми арабҳо ба Мовароуннаҳр дини асосии шуманиён зардуштия буд. Дар вил. Ш. баробари зардуштия буддоия низ нуфуз дошт. Дар натиҷаи хафриёти археологӣ дар ҳудуди водии Ҳисор буддоия кашф гардид (ниг. Кофирқалъа). Мардуми Ш. ба забони бохтарӣ гап мезаданд.

Номи Ш. бори аввал дар а. 7 ёдовар шудааст. Мувофиқи ахбори сайёҳи хитоӣ Сюань Цзан масоҳати он аз Р. ба Ш. чоррӯза роҳ будааст. Вале ҳудуди онро то ҳол аниқ, накардаанд. Тахмин меравад, ки ҳавзаи д-ҳои Хонакоҳ ва Варзоб ба Ш. дохил буда, д. Кофарниҳон сарҳади шарқии онро ташкил мекардааст. Соҳили рости д. Кофарниҳон (аз Эсанбой то Симиганҷ) ба Ш. дохил мешуд. Ибт. а. 8 Ш.-ро арабҳо истило карданд. Дар а-ҳои 9—10 Ш. дар ҳайати давлати Сомониён буд. Шумон, Ҳамоварон, Аҳорун, Регар (Рег-дашт), Зинур ва Сиём ш-ҳои асосии вил. Ш. буданд.

Дар ин давра х.қ- ва ҳунармандӣ ба дараҷаи баланди тараққиёт расиданд. Ғаллакорӣ, боғдорӣ, токдорӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфта буданд. Ҳунармандӣ (хусусан кулолӣ), оҳангарӣ, шишагарӣ равнақ доштанд. Дини ислом дини асосии мардуми Ш. гардид. Ш. дар давраи истилои муғул хароб шуд ва аз а. 15 Ҳисор нои гирифт.

Ю. Ёқубов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …