Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ШУЪЛАИ ИНҚИЛОБ»

«ШУЪЛАИ ИНҚИЛОБ»

shulai-inkilob

«ШУЪЛАИ ИНҚИЛОБ», газета, аввалин органи матбуоти советии тоҷик. Ин газетаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва адабӣ ҳамчун ношири афкори Партияи Коммунистии Туркистон дар Самарқанд аз 10 апр. 1919 то 8 дек. 1921 чоп шудааст. Муҳаррири «Ш. и.» Сайидризо Ализода ва хаттоташ («Ш. и.» ба таври чопи сангӣ нашр мешуд) Фахриддини Роҷӣ буд. «Ш. и.» аввалин газетаест, ки хонандаи тоҷикро бо баъзе нутқу мақолаҳои В. И. Ленин, аввалин декретҳои Ҳокимияти Советӣ шинос кард. Масъалаҳои асосие, ки ба онҳо «Ш. и.» бештар диққат медод, мубориза барои мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ, -мубориза ба муқобили душманони синфӣ ва босмачиҳо, мубориза барои озодии занон, баробарҳуқуқии зану мард тараққиёти мактабу маориф ва маданият буданд. «Ш. и.» дар инкишофи адабиёти советии тоҷик хизмати арзандае кардааст. Дар саҳифаҳои он аввалин шеърҳои революционнӣ С. Айнӣ, Ф. Роҷӣ ва дигар адибон нашр шудаанд. «Ш. и.» дар ҳаҷми 8 саҳифа ҳафтае як бор чоп мешуд. Ҳамагӣ 91 шумора баромад.

И. Усмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …