Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШУЪЛАИ ГУЛПОЙГОНӢ

ШУЪЛАИ ГУЛПОЙГОНӢ

ШУЪЛАИ ГУЛПОЙГОНӢ (1714, Гулпойгони Луристон —1780), шоири эронӣ. Дар тазкираҳо аз ҳолоту зиндагии у маълумотҳои мухталиф омадааст. Ш. Г. шоири хушзавқ ва тезкоре будааст. У дар 51-солагӣ ба иншои достони «Юсуф ва Зулайхо» шуруъ намуда, дар давоми чиҳил рӯз онро ба поён расонд. Инчунин манзумае дорад бо номи «Чоҳи висол», ки дар он мулоқоти Лайлӣ ва Маҷнун дар чоҳ тасвир ёфтааст. Нусхаҳои хаттии ҳар ду асари шоир дар китобхонаҳои Эрон нигоҳ дошта мешаванд. Ш. Г. дар табибӣ ҳам шуҳрат доштааст.

С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …