Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШУКУРОВ Муҳаммадҷон Шарифович

ШУКУРОВ Муҳаммадҷон Шарифович

shukurov-m-sh

ШУКУРОВ Муҳаммадҷон Шарифович (тав. 30. 10. 1926, Бухоро), адабиётшннос ва мунаққиди советии тоҷик, академики АФ РСС Тоҷ. (1967). Аъзои КПСС аз с. 1957. Писари Шарифҷон- махдуми Садри Зиё, Ин-ти педагогии Душанберо хатм карда (1945), дар ҳамон ҷо ва Ин-ти муаллимии Кулоб дарс гуфтааст. С-ҳои 1951—50 ходими илмии Ин-ти забон ва адабиёти ба номи Рудакин АФ РСС Тоҷ. буд. Аз с. 1959 мудири Шуъбаи адабиёти советии тоҷики ҳамин ин-ти. Фаъолиятн илмии Ш. серпаҳлу буда, муҳимтарин масъалаҳои инкишофи адабиёти советии тоҷик ва маданияти суханро фаро гирифтааст. Дар нахустин мақолаҳои Ш., кн дар маҷм. «Анъана, халқият ва маҳорат» (1964) гирд омадаанд, умдатарин ҷиҳатҳои партиявияту халқияти адабиёт, мавқеи анъанаҳои бадеии гузашта дар инкишофи адабиёти советии тоҷик, таносуби анъана ва навоварӣ, забон ва услуби бадеӣ таҳлил шуда, баъдтар аз мавзуъҳои марказии тадқиқотии у қарор гирифтанд. Диққати уро масъалаҳои таърихи ташаккули адабиёти реализми социалистӣ концепцияи инсон дар насри советии тоҷик ба худ кашидааст. Ш. ба сифати яке аа муаллифони «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (ҷ-ҳои 1—2, 1956—57; ба забони русӣ, 1961) ва муаллифи очеркҳои илмии оммавии «Раҳим Ҷалил» (1959, ҳамроҳи А. Сайфуллоев), «Сотим Улуғзода» (1961), «Насри Ҷалол Икромӣ» (1979, ҳамроҳи Л. Н. Демидчик), монографияи «Насри солҳои 1945— 1974», «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (ҷ. IV, 1980) ва ғ. дар тадқиқи насри бадеии тоҷик саҳми калон гузоштааст. Ш. яке аз Айнишиносони шииохтаи советист. Бисьёр масъалаҳои инкишофи адабиёт, аз ҷумла масъалаи гуногунии услуб, ҷараёни романтикии услуб ва реализми сирф, услуби фардии баъзе нависандагон (С. Айнӣ, Ҷ. Икромӣ, П. Толис, Ф. Муҳаммадиев ва диг.) аввалин бор дар таърихи омӯзиши адабиёти советии тоҷик аз тарафи Ш. тадқиқ шудаанд. Ш. дар асарҳои худ адабиёти тоҷикро дар ҷараёии адабии умумииттифоқ омӯхта, мақоми адабиёти халқҳои СССР, хусусан мактаби реализми русро дар инкишофи адабиёти советии тоҷик эътимодбахш нишон додааст. Тавассути мақолаҳои у, ки дар нашрияҳои марказӣ ва республикаҳои бародар ба табъ расидаанд, танқиди адабии тоҷик дар арсаи умумииттифоқ ва берун аз он шуҳрат ёфт. Ш. яке аз аввалинҳо шуда, дар таърихи инкишофи танқиди адабии тоҷик асосҳои назарии илмӣ танқидиро мавриди гуфтугу қарор дод. У дар инкишофи фольклоршиносӣ (яке аз гирдоварандагони «Намунаи фолклори диёри Рудакӣ», 1958,1903, ҳамроҳи Р. Амонов), лексикография (яке аз муҳаррирони «Фарҳанги истилоҳоти адобиётшиносӣ, 1964, I960, Фарҳанги адабии тоҷикӣ» қ-ҳои 1-2, М., 1969), забон ва услуби баён хизмати зиёд кардааст. Ш. аъзои Ассоциацияи байналхалқии мунаққидони адабӣ (МАЛИ), аъзои Шурои танқид ва адабиётшиносии ИН СССР, аъзои Шурои илмии АФ СССР оид ба проблемаи комплексии «Қонуниятҳои инкишофи адабиёти ҷаҳон дар давраи ҳозира», раиси Шурои координационии АФ РСС Тоҷ. оид ба танқиди адабию бадеӣ. Аз с. 1956 узви ИН СССР. Бо ордени «Дӯстии халқҳо» ва медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуд В. И. Ленин» мукофотонида шудааст.

Ос.: Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, Д., 1966; Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад, Д., 1968, 1985; Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ, Д.. 1973; Паҳлуҳои тадқиқи бадеӣ, Д., 1978; Садриддин Айнӣ (ба хурофоти арабӣ), Д., 1978; Пайван ди замонҳо ва халқҳо, Д., 1982; Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ, Д., -1987; Обновление. Таджикская проза сегодня, М., 1988.

Ад.: Сатторов А., Гузоришгари коргоҳи сухан, дар кит. у: Нуқтаи пайванд, Д., 1982: Муҳаммадҷон Шарифович Шукуров [Библиография], Д., 1988.

Ю. Акбаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …