Главная / Гуногун / Аминҷон ШУКӮҲӢ

Аминҷон ШУКӮҲӢ

shukuhi

ШУКӮҲӢ (тахалл.; ном ва фамилия аш Ҳоҷибоев Аминҷон; 10. 6. 1923, деҳаи Румони p-ни Хуҷанд — 17, 5. 1979, Душанбе), шоир ва нависандаи советии тоҷик, Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷ. (1973). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз с. 1947. Баъди хатми курси муаллимтайёркунӣ дар мактаб масъул, ҷонишини муҳаррири г. «Ҳақиқати Ленинобод» буд. С. 1955 фак-ти журналистикаи Мактаби Олии партвявии назди КМ КПСС-ро хатм карда, муҳаррири г. «Тоҷикистони Советӣ» таъин шуд. С-ҳои 1961—67 дар вазифаи котиб ва ҷонишини Раиси Правленияи ИН Тоҷикистон кор кард. С-ҳои 1967—76 раиси Комитети давлатии РСС Тоҷ. оид ба телевизион ва радиошунавонӣ буд. Нахустин шеърҳояш с. 1942 дар г. «Стахановчӣ» ба табъ расидаанд. С. 1948 аввалин маҷм. шеърҳояш «Суруди чашмасор» нашр шуд. Шеърҳои ин маҷмуа аз эҳсосоти гражданӣ, иҷтимоӣ ва ошиқонаи шоир дарак медоданд ва ба забони соддаю равон эҷод шуда буданд. Ин хусусиятҳо дар ашъори солҳои минбаъдааш боз ҳам бештар тақвият ёфт (маҷм-ҳои «Ватани сулҳ», 1952; «Рузҳои мо», 1954). С-ҳои 1954—55 силсилаи шеърҳои «Муҳаббат ва оила»-ро навишт, ки мавзуаш таассуроти ошиқона ва садоқату вафодорӣ буд. Дар маҷм. «Садои дил» (1956) камолоти маънавӣ ва эҷодии шоир зоҳир гардид. Достони «Кучабоғи ошиқон» (1962) аз тақдири як иафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Содиқ) ҳикоят мекунад, ки баъди озод шудан аз асорати фашистӣ ба деҳаи худ баргаштааст. Дар маҷм-ҳои ашъори «Нафаси гарм» (1964), «Арзи қалам» (1967) ва китоби дубайтию рубоиҳои «Чормағз» (1973) характери қаҳрамони лирнкии шоир мукаммалтар шуда, олами ботинии он пурратар тасвир ёфтааст. Ашъори Ш. хушоҳанг буда, оҳангсозон бештар аз сад шеъри уро ба оҳанг дароварданд.

Ш. аз с-ҳои 60 ба навиштани асар-ҳои насрӣ низ машғул шудааст. Аввалин асари насрии нисбатан калони Ш. ҳикояи «Шаҳло» буд, ки с. 1964 ҳамроҳи Ҳ. Аскар навиштааст. Минбаъд ба он қисмати дигаре илова шуда, шакли повестьро гирифт ва бо номи «Шаҳло ва Шифо» (ҳамроҳи X. Аскар) нашр шуд.

Ш. дар повести «Имзои шахсӣ» (1967, ҳамроҳи X. Аскар), ки дар бораи Саидхоҷа Урунхоҷаев эҷод шудааст, аз мактаби ҷиддии омузиши қонуниятҳои насри реалистӣ гузашт. Материали фаровони ҳаётӣ ва таърихӣ ба муаллиф имкон доданд, ки дар ин мавзуъ ва бо иштироки ин қаҳрамон романи ҳуҷҷатии «Печутоби роҳҳо»-ро (ҳамроҳи X. Аскар) таълиф кунад (ҷ. 1, 1977, ҷ. 2, 1978). «Печутоби роҳҳо» романи серамалиёт буда, аз назари замон ҳам воқеаҳои дуру дароз (аз авв. а. 20 то с-ҳои 30) -ро дар бар мегирад. Повести «Парии ҷазира» (1973) низ дар бораи ҳаёти деҳот таълиф шудааст. Дар эҷодиёти Ш. асарҳо барои бачагон мавқеи муҳим дорад (маҷм-ҳои ашъори «ИЛ-18 омад», 1968; «Баррачаи гурезпо», 1964). Муаллиф дар повестҳои бачагонаи «Об аз куҷо меояд» (1969), «Асад ва Самад» (1972) бачаҳоро бо воқеаҳои мухталифи зиндагӣ ва шахсони гуногунхислат ру ба ру кардааст.

Ш. дар мавзуъҳои ҳарбию ватандустӣ пьесаи «Шабҳои фироқ» (1968), маънавиёту ахлоқ «Шаҳло» (1973)          ва деҳоту истифодаи замин «Садафи сиёҳ» (1974)-ро навиштааст, ки дар театрҳои республика ба саҳна гузошта шудаанд. Китобҳои зеринаш ба забони русӣ аз чоп баромадаанд: «Садои дил» (Д., 1957), «Лирика» (М.. 1957), «Кучабоғи ошиқон» (Д., 1967), «Суруди чашмасор» (М., 1972), «Об аз куҷо меояд» (М, 1972) ва р. Асарҳояш ба забони халқҳои СССР тарҷума шудаанд. Депутати Совети Олии РСС Тоҷ. (даъватҳои 5—9), узви КМ ПК РСС Тоҷ. буд. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷ. ба номи Рудакӣ (1965). Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», якчанд медаль ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст. Аз с. 1947 уави ИН СССР.

Ос.: Асарҳои мунтахаб. ҷ. 1—2, Д„ 1077—1979.

Ад.:Ҳакимова А., Шеър ва замон, Д., 1978; ҳамон муалл., Дар қаламрави сухан, Д., 1082.

А. Ҳакимов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …