Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШУКШИН Василий Макарович

ШУКШИН Василий Макарович

shukshin-v-m

ШУКШИН Василий Макарович (25. 7. 1929, деҳаи Сросткин р-ни Байски кишв. Олтой —2. 10. 1974, станицаи Клотски вил. Волгоград, мадфун дар Москва), нависандаи советии рус, кинорежиссер, актёр. Ходими Хизматнишондодаи Маданияти РСФСР (1969). Аз оилаи деҳқон. Аъзои I КПСС аз с. 1955. Асарҳояш  с.1959 ба чоп шудаанд.  С.1963 маҷм. ҳикояҳояш бо унвони «Мардуми деҳот» ба табъ расид. С. 1964 сценарияи филми «Ҳамин гуна ҷавон зиндагӣ мекунад»-ро таълиф кард. Твваҷуҳи Ш. ба характерҳои барҷаста, намояндагони халқ дар романи таърихии революционнӣ «Любвинҳо» (1965, филми «Заволи Любавинҳо»), киноромани оиди Степан Розин «Ман омадам ба шумо озодӣ бахшам» (1971), як силсила ҳикояҳо (маҷм. «Характерҳо», 1973, филмҳои «Писар ва бародари шумо», 1966; «Одамони аҷоиб», 1971) зуҳур ёфтааст. Дар киноповести «Бодрезаи сурх» (1973) ва филме, ки бо ҳамин унвон худи Ш. таҳия намуда, нақши асосиро низ иҷро кардааст, оштинопазирии руҳи инсон бо тасаввуроти мещанӣ дар шакли ниҳоят барҷаста инъикоси бадеӣ ёфтааст. Ш. ҳамчун актёр дар филмҳои «Ду Фёдор», «Хоҳишмандам ба ман сухан диҳед», «Онҳо баҳри Ватан меҷангиданд» ва ғ. иштирок кардааст. Аз осори Ш. бо унвони «Суҳбати маҳтобшаб» (нашриёти «Ирфон», 1981) як маҷмӯаи калони ҳикояҳо ва дар саҳифаҳои ж. «Садои Щарқ», г-ҳои «Маориф ва маданият», «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Газетаи муаллимон» як силсила ҳикояҳояш ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Лауреати Мукофоти давлатии СССР барои офариниши роли Черных дар филми режиссёр С. Герасимов «Дар соҳили кӯл» (1971) ва Мукофоти Ленинӣ 1976, баъди вафоташ). Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Ос.: Земляки, М., 1970; Избр. проязв., 2 изд., т. 1—2. М., 1976.

Ҷ. Азизқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …