Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЩУКИЦ Борис Васильевич

ЩУКИЦ Борис Васильевич

ЩУКИЦ Борис Васильевич (17. 4. 1894, Москва—7. 10. 1939, ҳамон ҷо), актёри советии рус. Арт. Халқии СССР (1936). Аз с. 1920 дар студияи Е. Б. Вахтангов. У яке аз санъаткарони барҷастаи мактаби реалистии советӣ ва ҳунарпешаи боистеъдод буд. Щ. яке ах аввалин актёронест, ки симои В. И. Ленин-ро дар спектакльҳо («Одами милтиқдор»-и Н. Погодин) ва филми («Ленин дар Октябрь», 1937, «Ленин дар соли 1918», 1939, реж. М. И. Ромм) офаридааст. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1941 баъди вафоташ). Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …