Маълумоти охирин

ШУҒНОВ

ШУҒНОВ, қароргоҳи бисьёрқабатаи палеолитӣ боло, ки дар болооби д. Яхсу, наздикии деҳаи Шуғнови Дарвоз воқеъ гаштааст.

shughnov-district
Деҳаи Шуғнов

Бостоншиноси советӣ В. А. Ранов с-ҳои 1969— 70 дар Ш. ҳафриёт гузаронид. Ш. дар баландии 2000 м аз сатҳи баҳр воқеъ гашта, яке аз баландтарин қароргоҳҳои палеолитии дуньё ба шумор меравад. Қабатҳои маскун дар суфаҳои қадимии дарьёии 80-метрӣ ҷойгир шудаанд. Дар натиҷаи ҳафриёт ба ғайр аз қабати мезолитӣ, инчунин боз 4 қабати ба давраҳои гуногун мансуби палеолитӣ ошкор гардидаид, ки онҳо аз поён то болои суфаро дар бар мегиранд: қабати 1— 7 м, 2—8,5 м, 3—10 м, 4—11,5 м. Дар байни қабатҳои маскун табақаҳои холӣ ба назар мерасанд. Масоҳати умумии ҳафриёт—500 м2. Ғафсии қабатҳои маскун 20—40 см. Аз онҳо оташдонҳое ёфт шуданд, ки дар атрофашон тудаи санг ва устухонҳо ёфтаанд. Хусусиятҳои қабати маскуни «Ш» барои ҳамаи қароргоҳҳое хосанд, ки онҳо барои шикорчиёни палеолитӣ ҳамчун иқоматгоҳи муваққатӣ хизмат мекарданд. Аз Ш. 4700 олат ба даст омад. Сокинони Ш. барои сохтани олот фелзит— порфир (як навъи ҷинсҳои куҳии вулқони) -ро истифода мебурданд. Барои қабати 1 пластинаҳои каҷи кордмонанд, белчакордҳо хосанд. Аз қабати 2 тақр. 2000 адад олот ёфт шуд, ки аз руи сохт ва типи худ фарқ мекунанд. Дар байни олоти бадастомада плостинаҳои калони секунҷа ё призмашакл бештаранд. Белчакорҳои дудама ҷолиби диққа-танд, ки шикорчиёни ибтидоӣ онҳоро барои чок кардани сандуқи синаи ҳайвонот ё ҳамчун пайкони найза истифода мебурданд. Қабати 2 мувофиқи маълумоти археологӣ ба 28 —35 ҳаз. сол муқаддам тааллуқ дорад. Дар қабатҳои 3—4 бозёфтхо хеле каманд. Аз онҳо пластинаҳои типи мусте ёфт шуданд, ки ба пластинаҳои аз ёдгориҳои палеолити миёна — Обираҳмат ва Хӯҷа ба дастомада айният доранд. Материалҳои Ш. давраи тулонии палеолити болоро дарбар гирифта, доир ба ишшшофи ин маданият дар муддати 25 ҳаз. сол маълумоти муҳим доранд.

Ад.: Археологические работы в Таджикистане. в. 10, (1970). Д.. 1973.

В. А. Ранов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …